Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Толибон ба Путин: “Нигаронӣ беасос аст, Афғонистон ба кишварҳои шимолӣ таҳдид эҷод намекунад”
Як масъули гурӯҳи террористии Толибон баъди изҳороти Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия гуфт, ки нигаронӣ дар мавриди сарчашмаи таҳдид будани Афғонистон беасос аст ва Афғонистон ба кишварҳои шимолӣ таҳдид эҷод намекунад.
Ҳамидуллоҳ Фитрат, як масъули гурӯҳи террористии Толибон гуфт, ки тамоми қаламрави Афғонистон зери назорати комил қарор дорад ва ҳеч таҳдиду хатар аз ҷониби Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя ё дигар кишварҳо мавҷуд нест.
“Нигарониҳо дар ин маврид беасос аст ва мо ҳамеша дар ҷустуҷӯи робитаҳои дӯстона бо ҳамсоягон, бахусус кишварҳои шимолӣ будаем” – таъкид намудааст ин намояндаи Толибон.
Гурӯҳи террористии Толибон дар ҳоле ин суханонро мегӯянд, ки бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна аз фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар нигаронанд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия бо пешниҳоди Тоҷикистон дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) барои пешгирӣ аз таҳдидҳои эҳтимолӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон “камарбанди амниятӣ” эҷод мекунанд. Созмони Милали Муттаҳид ва Покистон гурӯҳи Толибонро ба он он айбдор мекунанд, ки ба гурӯҳҳои террористӣ иҷозаи фаъолият додаанд ва онҳо дар Афғонистон ҳузури фаъол доранд.
Вокуниши Толибон пас аз он садо дод, ки Владимир Путин дар нишасти матбуотии муштарак бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз таҳдидҳо ва мушкилоти эҳтимолие, ки аз вазъи Афғонистон сар мезананд, сухан гуфт ва ба аҳамияти таъмини амният дар Осиёи Марказӣ таъкид кард.
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи Русия бо сабаби наздикии географӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба таҳаввулоти амниятии Афғонистон ҳассос аст. Русия аз замони хуруҷи неруҳои хориҷӣ дар соли 2021 чандин маротиба дар бораи ҳузури эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ҳушдор додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”