3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:07, Душанбе
17.03.2025 15:19

Нашри акси мушовири Трамп, ки дар дасташ китоби Аҳмад Масъуд буд, хабарсоз шуд

Майкл Флинн, мушовири пешини амнияти миллии Доналд Трамп аксе аз мулоқоти худ бо Кэш Пател, раиси Бюрои таҳқиқи федералии Амрико (FBI) дар шабакаи иҷтимоии “Х” нашр кард, ки дар он китоби “Озодии мо”-и навиштаи Аҳмад Масъудро дар даст дорад. Майкл Флинн мулоқот бо Кэш Пателро “рӯзи олӣ” тавсиф кардааст.

Китоби “Озодии мо” аз сӯйи Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон навишта шуда ва дар он муборизаи мардуми Афғонистон барои озодии сарзаминашон тасвир мешавад.  Аҳмад Масъуд дар китоб дидгоҳҳои худро дар бораи озодӣ, демократия, ҳуқуқи инсон ва зарурати мубориза бо неруҳои истибдодӣ ва террористӣ баён кардааст.

Ёдовар мешавем, Майкл Флинн, як афсари бознишастаи артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, ки дар давраи аввали президентии Доналд Трамп ба ҳайси мушовири амнияти миллӣ таъйин шуда буд. Баъди 22 рӯзи фаъолият дар ин мақом Майкл Флинн истеъфо дод. Майкл Флинн яке аз ҷонибдорони ашадии Доналд Трамп дар интихоботи соли 2016 буд, вале бинобар ошкор шудани тамосҳояш бо Сергей Кисляк, сафири Русия дар Вашингтон ва пешниҳоди “иттилооти нодуруст” ба Майк Пенс, муовини президент маҷбур ба истеъфо шуд.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон баъди ба қудрат расидани гурӯҳи террористии Толибон ҷанг дар минтақаи Панҷшерро оғоз кард. Раҳбари он Аҳмад Масъуд, фарзанди фармондеҳи машҳури Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.