3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:09, Душанбе
13.03.2025 12:18

Тоҷирони ҳиндӣ дар ғорати маъданҳои Панҷшер бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд

Сокинони Панҷшер ба расонаҳо гуфтаанд, ки Толибон маъданҳои Панҷшерро ғорат мекунанд ва дар ин кор тоҷирони ҳиндӣ ба онҳо кумак мерасонанд.

Нигаронии сокинони Панҷшер дар ҳолест, ки рӯзи чоршанбе Раёсати иттилоот ва фарҳанги гурӯҳи террористии Толибон аз ҳузури тоҷирони ҳиндӣ дар як озмуни фурӯши замуруди Панҷшер ва пешниҳоди онҳо барои иштирок дар истихроҷи маъданҳо дар ин вилоят хабар додааст.

Ин ниҳоди Толибон гуфтааст, ки тоҷирони ҳиндӣ мехоҳанд дар истихроҷ ва муомилоти замуруди Панҷшер ҳамкорӣ кунанд ва бо Толибон дар ин замина ҳамкор бошанд.

Толибон тасдиқ кардаанд, ки Муҳаммадоғо Ҳаким, волии ин вилоят аз ташаббуси тоҷирони ҳиндӣ истиқбол намуда, таъкид кардааст, ки барои ҳамкорӣ дар ин самт омода мебошад.

Расонаҳои наздик ба гурӯҳи террористии Толибон навиштаанд, ки Деви Ёҷ Васанҷӣ, тоҷири ҳиндӣ аз “имкониятҳои сармоягузорӣ” дар Афғонистони таҳти назорати Толибон истиқбол кардааст. Қаблан низ, Толибон маъданҳои Панҷшерро истихроҷ карда, ғорат мекарданд. Дар се соли ахир онҳо пайваста дар бораи фурӯши замуруди Панҷшер дар озмунҳои мухталиф хабар додаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.