3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:10, Душанбе
11.03.2025 16:11

Роза Отунбоева: “Ҳамкории сиёсӣ бо Толибон самара намедиҳад”

Нишасти Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки рӯзи гузашта баргузор гардид, нигарониҳои афзояндаи ҷомеаи байналмилалӣ дар хусуси муносибат бо гурӯҳи террористии Толибон ва ояндаи Афғонистонро нишон медиҳад.

Роза Отунбоева, намояндаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон зикр кард, ноумедии афзоянда дар байни баъзе аз ҷонибҳои муҳимми байналмилалӣ вуҷуд дорад, зеро ҳамкории сиёсӣ бо Толибон самара намедиҳад. Ӯ гуфт, ки чунин сиёсат боиси тақвияти ифротгароён дар дохили ин гурӯҳ шуда метавонад.

Роза Отунбоева таъкид кард, ки гурӯҳи террористии Толибон уҳдадориҳои байналмилалии Афғонистонро ба шакли интихобӣ иҷро мекунанд ва баъзеи онҳоро ҳамчун дахолат ба ҳокимияти миллӣ рад менамоянд.

Дар ин нишаст намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Дороси Шей таъкид кард, ки Толибон бояд уҳдадориҳои худро дар мубориза бо терроризм иҷро кунанд. Ӯ гуфт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба нияти неки Толибон -раванди музокироти Давҳа шубҳа дорад. Дороси Шей гуфт, Амрико наметавонад ба гурӯҳе, ки шаҳрвандони амрикоиро ғайриқонунӣ боздошт ва ба ҳуқуқи мардумаш эҳтиром намегузорад, эътимод кунад.

Намояндаи Федератсияи Русия Василий Небензя дар ин нишаст гуфт, ки кишвараш ҷонибдори як равиши воқеӣ ва бо мувозинат нисбат ба Афғонистон аст, ки бояд бо ҳамкории амалгароёна ва гуфтугӯи сабурона бо онҳо идома ёбад. Ӯ гуфт, ки кӯшишҳои водор кардани Толибон бо роҳи қатъи кумакҳои башадӯстона ба мардуми одии Афғонистон зарар мерасонад.

Намояндаи Чин дар нишасти Шурои амнияти СММ ба идомаи ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии Толибон таъкид намуд ва пешниҳод кард, ки манъи сафар барои ин гурӯҳ бекор карда шавад. Ӯ гуфт “Толибон бояд ҳуқуқи занонро эҳтиром кунанд ва бо ҳама гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДОИШ, Ал-қоида ва Ҳизби Туркистони Шарқӣ мубориза баранд”.

Дар ҷараёни ин гуфтугӯҳо маълум шуд, ки ҷомеаи байналмилалии Афғонистон ҳанӯз дар масъалаи Афғонистон дидгоҳи муштрак надорад ва ихтилофҳо зиёданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.