


CNN: Трамп таҳдид кардааст, ки Маскав ва Пекинро бомбаборон мекунад

Хавфи Исроил аз мушакҳои Эрон. Эрон бузургтарин захираи мушакии ҷаҳонро месозад

Чиниҳо бо лазер ба ҳавопаймои олмонӣ ҳамла карданд

“Вашингтон пост”: Ин кор душвор аст. Мақомоти аврупоӣ ба дунболи эҳёи музокироти атомӣ бо Эронанд
Депутатҳои қирғиз: “Ба Комиcсияи ҳалли марзӣ бояд ҷоиза диҳем”
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Қирғизистон вакил Бақтибек Сиддиқов пешниҳод кард, ки барои хизмат ба аъзои Комиссияи ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи қирғизу тоҷик ҷоиза дода шавад.
Пешниҳоди додани ҷоиза аз забони баъзе аз депутатҳои қирғиз дар ҳоле садо медиҳад, ки чанд рӯз қабл депутат Султонбой Айҷигитов гуфта буд, Қирғизистон бояд деҳаи Достукро баргардонад. Ҳамчунин, бо ҳамсоя канали обтақсимкунии “Головной” –ро 50 ба 50 тақсим накунад ва заминҳои атрофи Ворухро надиҳад.
Аммо депутат Бақтибек Сиддиқов дар посух ба интиқодҳои бархе вакилон гуфт, ки дар баҳси марзӣ миёни ду кишвар ғолибу мағлуб вуҷуд надорад. Ӯ таъкид кард, ки дар миёни қирғизҳо норозигӣ оид ба ин созишнома хоҳад буд. Чунин ҳолат дар Тоҷикистон низ рӯй медиҳад.
“Ҳама қаноатманд нахоҳад буд. Пас аз 5-10 сол мо ба натиҷаҳои кори ин комиссия ва раиси он баҳо медиҳем. Ман ба ин гурӯҳи корӣ миннатдор ҳастам. Масъалаи марзӣ бояд ҳал мешуд ва имрӯз ҳал шуд. Ҳал шудан бо қаҳрамонӣ. Марги одамон қатъ шуд. Бе марзи муайян давлат вуҷуд дошта наметавонад. Бо муайян кардани марзи худ мо давлатдорӣ ва истиқлолиятро таҳким бахшидем. Комиссияро пас аз ратификатсияи созишномаҳо бояд ба мукофот пешниҳод кард” – гуфт депутат Бақтибек Сиддиқов.
Ҳамкори ӯ, депутат Улан Примов зикр кард, ки ин масъала аз замони ба даст овардани истиқлолият ҳал нашуда буд.
“Агар мо як минтақаро дода бошем, дигареро гирифтаем. Ман даъват мекунам, ба созишномае, ки дар марҳилаи имзо қарор дорад, боэҳтиёт муносибат кунем” – таъкид кард Улан Примов.
Депутати дигар Қундузбек Сулаймонов таъкид кард, чаро дар замоне, ки Қамчибек Ташиев оид ба масъалаи марз суханронӣ мекард, касе суол надод.
“Пас аз ду рӯз омада мегӯянд, ки ин ё он масъала дар созишнома нодуруст ҳал шудааст. Мо дар чашми ҷомеа чизи хубе нишон намедиҳем. Ҳоло рӯзноманигорон низ метавонанд ба мо суол диҳанд. Қамчибек Ташиев гуфт, ки баъдан худаш муфассал ҳама чизро шарҳ медиҳад. Сабр кунед. Ба мо ҳифзи истиқлолият лозим аст. Дар гузашта мо ҳама якдилона дастгирӣ кардем ва набояд аз ин мавқеъ дур шавем” – таъкид кард Қундузбек Сулаймонов.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27-уми феврали соли ҷорӣ дар шаш Кумитаи маҷлиси намояндагони Қирғизистон ратификатсияи созишнома миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба марзи давлатӣ баррасӣ ва тасдиқ гардид.
Қобили зикр аст, ки созишномаи ниҳоии сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев имзо шуд.
Расонаҳои қирғизистонӣ ишора мекунанд, ки санади ниҳоии созишномаи сарҳади давлатӣ дар саммити сеҷонибаи президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон 31-уми март дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ба имзо хоҳад расид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Шоҳин Муродов: “Дар блогинги тоҷик шахсони ҳирфаӣ кам ҳастанд”
Финали ғайриинтизор. "Челси" қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо шуд
Имсол 73 хонанда бо медали тиллову нуқра мактабро хатм карданд
Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд
