3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:09, Душанбе
06.03.2025 09:28

Олмон: Толибон барои духтар ва занон “зиндони иҷтимоӣ” сохтаанд

Вазорати корҳои хориҷии Олмон рӯзи сешанбе дар як баёния гуфт, ки гурӯҳи террористии Толибон Афғонистонро ба як “зиндони иҷтимоӣ” барои занону духтарони афғонистонӣ табдил додаанд.

Дар шаҳри Берлини Олмон бо ташаббуси занҳои фаъоли Афғонистон нишасте баргузор гардид ва дар он тасвирҳое аз саркӯб ва амалҳои зишти гурӯҳи террористии Толибон нишон дода шуд. Анналена Бербок, вазири корҳои хориҷии Олмон дар ин нишаст таъкид кард, ки ба садои занони Афғонистон гӯш хоҳад дод.

Дар ин нишаст гурӯҳе аз занони афғонистонӣ бо Анналена Бербок мулоқот намуда, аз вазъияти бади занони Афғонистон дар зери сояи ҳукумати Толибон гузориш доданд. Вазири корҳои хориҷии Олмон бо ишора ба маҳдудиятҳои ҷоринамудаи гурӯҳи террористии Толибон дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: “Онҳо тирезаҳоро бо девор мепӯшонанд ва тасвирҳои занонро аз ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳазф мекунанд.

Мо ба садои онҳо гӯш хоҳем дод ва бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон дар бораи поймол кардани ҳуқуқи инсон машварат хоҳем кард.”

Дар ин нишаст ҷомеаи шаҳрвандии занони Афғонистон дар як изҳороти муштарак бо такя ба гузориши Пажуҳишгоҳи сулҳи Амрико таъкид карданд, ки Толибон аз 31-уми январи соли ҷорӣ то ба ҳол 138 қарор бар зидди занону духтарон содир кардаанд.

Дар изҳорот таъкид шудааст, ки ин қарорҳо сабаби маҳдуд кардани ҳуқуқи занон аз ҳаёти ҷамъиятӣ ва азият додани онҳо дар муҳити табъизи ҷинсиятии системавӣ гардидааст. Дар изҳороти ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон аз иқдомҳои Австралия, Канада, Олмон ва Нидерланд барои фишор овардан ба Толибон дар ҷиҳати қатъ кардани нақзи Конвенсияи рафъи ҳама гуна шаклҳои табъиз бар зидди занон ситоиш шудааст.

Таъкид шудааст, ки ин иқдоми кишварҳо метавонад сабаби боз шудани парванда бар зидди роҳбарони Толибон дар додгоҳи байналмилалии ГААГА шавад.

Ин дар ҳолест, ки моҳи октябри соли гузашта вазирони корҳои хориҷии Олмон, Австралия, Канада ва Нидерландия бо нашри як изҳорот Толибонро барои паймол намудани ҳуқуқи инсон, бахусус табъизи ҷинсӣ бар зидди занон маҳкум карда буданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.