19 Сентябр 2026,
шанбе, 05:16, Душанбе
05.03.2025 14:59

Ҳимояти Би-би-сӣ аз Толибон хашми аврупоиҳоро барангехтааст

Натиҷаи пажӯҳиши маркази "UnHerd", ки собит мекунад, шабакаи ҷаҳонии BBC барои фаъолият дар Афғонистон ба гурӯҳи террористии Толибон маблағ медиҳад ва аз нашри хабарҳои интиқодӣ бар зидди онҳо худдорӣ мекунад, хабарсоз шудааст.

Маркази таҳқиқоти "UnHerd", ки дар Британияи Кабир қарор дорад, дар як пажӯҳиши фарогир мушаххас намудааст, ки BBC дар Афғонистон барои таъмини амният ва касби иҷозат барои фаъолиятҳои расонаӣ ба маъмурони амниятии Толибон пул пардохт мекунад. Бар асоси ёфтаҳои ин марказ, Толибон аз нашри хабар ва гузоришҳое, ки ба завқи Толибон хӯш намеояд, худдорӣ мекунанд.

Алӣ Ҳамадонӣ ва Дэвид Раз, муаллифони таҳқиқот мегӯянд, ки Толибон аз замони бозгашт ба қудрат дар соли 2021 иҷрои ҳукми эъдом дар миёни мардумро аз сар гирифтаанд ва бо таҳким додани “апартеиди ҷинсиятӣ” нисбат ба занон дар Афғонистон фазои бастаро дар ҷомеа ҳоким кардаанд. Онҳо мегӯянд, ки маҳдудиятҳои эҷодкардаи Толибон озодии баёнро аз байн бурдааст. Дар таҳқиқоти зикршуда, ишора мешавад, ки Толибон расонаҳоро сензура мекунанд, фаъолияти радиоҳоро масдуд менамоянд, аммо дар ин миён BBC ба нашри барнома ва фаъолиятҳои худ дар зери сояи Толибон идома медиҳад.

Дар таҳқиқот зикр мешавад, ки BBC аз нашри хабарҳое, ки эҳтимолан боиси ранҷиши Толибон мешавад, худдорӣ мекунад ва ҳатто кормандони худро дар ин самт таҳти фишор қарор медиҳад.

Ҳамкории Бииӣ бо Толибон

Тибқи ёфтаҳои "UnHerd" гурӯҳи террористии Толибон фаъолияти расонаҳои зиёдеро, аз ҷумла “Садои Амрико” ва “Радиои Аврупои озод” (Радиои озодӣ) –ро дар Афғонистон манъ кардааст. Ин дар ҳолест, ки BBC бидуни монеа фаъол аст. Гурӯҳи Толибон расонаҳои “Садои Амрико” ва “Радиои Озодӣ” –ро рақибони BBC ном бурдаанд.

Дар таҳқиқоти суратгирифта ба дидори Ҷэкие Мартинез, роҳбари Дафтари BBC дар Осиёи Ҷанубӣ бо Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилии Толибон ишора шудааст. Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, ки ин дидор ба равобит ва фаъолияти хабарии BBC дар Афғонистон таъсир гузошта аст. Собит шудааст, ки Ҷекие Мартинез дар соли 2022 ба Кобул сафар намуда, бо Сироҷиддин Ҳаққонӣ гуфтугӯ намудааст.

Дар таҳқиқот зикр мешавад, ин дидор, ки ду ҳафта қабл аз баста шудани нашри барномаҳои “Садои Амрико” ва “Радиои Озодӣ” анҷом дода шудааст, тасодуфӣ нест. Ба таъкиди муаллифони гузориш Сироҷиддин Ҳаққонӣ дар ҷаҳон ба иттиҳоми терроризм таҳти пайгард қарор дорад.

Кумаки молияии BBC ба Толибон

Муаллифони таҳқиқоти зикршуда менависанд, ки BBC “Миқдори назарраси пулро ба радио ва телевизиони Афғонистон ва шабакаи таблиғотии давлати Толибон пардохт мекунанд”, вале ин расона аз ошкор кардани миқдори дақиқи пардохти маблағ ба Толибон худдорӣ мекунад.

Сухангӯи BBC ба "UnHerd" пардохти маблағ ба Толибонро тасдиқ мекунад ва таъкид мекунад, ки ин маблағҳо барои хароҷоти антена, масрафи барқ ва таъмини амният пардохт мешавад.

Таҳқиқоти "UnHerd" собит мекунад, ки барои таъмини амнияти дафтари BBC ҳам маблағ пардохт мешавад. Таъмини амният аз сӯйи Вазорати дохилаи Толибон, ки зери назари Сироҷиддин Ҳаққонӣ аст, сурат мегирад.

Асрори робитаи BBC бо Толибон

Дар таҳқиқот муаллифон ба собиқаи ҷиноии Сироҷиддин Ҳаққонӣ ишора карда, таъкид мекунанд, ки ин чеҳараи Толибон дар ҷаҳон ба иттиҳоми фаъолиятҳои террористӣ тайи пайгарди байналмилалӣ қарор дорад. Вазорати корҳои дохилии Толибон дар як хабарнома таъкид кардааст, ки BBC як расонаи муҳим дар арсаи ҷаҳонӣ аст. Сироҷиддин Ҳаққонӣ гуфтааст, ки ӯ аз расонаҳои байналмилалӣ ба мисли BBC интизор дорад, ки бетараф бошанд. Ӯ ин суханонро ҳангоми дидор бо Ҷэкие Мартинез, раҳбари бахши Осиёи Ҷанубии BBC баён кардааст. Вазорати дохилаи Толибон ба нақли қавл аз раиси бахши Осиёи Ҷанубии BBC таъкид намудааст, ки “Афғонистон барои мо муҳим аст. Мо кӯшиш мекунем, ки пешрафтҳо ва  рӯйдодҳоро дар нашри хабарҳо нишон диҳем”.

Баҳси таъмини молиявии Толибон аз сӯйи BBC

Дар ин таҳқиқот қайд мешавад, шояд 60% ё бештар аз кумакҳое, ки муассисаҳои “BBC Media Action” дар Афғонистон ба фаъолияти таълимӣ ихтисос медиҳад, таҳти дастгирии молиявии Толибон қарор дошта бошад.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки Сироҷиддин Ҳаққонӣ ва Қорӣ Муҳаммадюсуф Аҳмадӣ, раиси муқаррарнамудани Толибон дар Радио ва телевизиони миллии Афғонистон дар феҳристи таҳримҳои ҷаҳонӣ қарор доранд ва ҳама гуна муомилаҳои молиявӣ бо онҳо ҷиноят ба ҳисоб меравад.

Таҳқиқоти "UnHerd" тасдиқ мекунад, ки барои шунавандагони Афғонистон мумкин чунин ба назар расад, ки BBC барои идомаи фаъолияти худ дар Афғонистон харҷи зиёд мекунад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ин расона мусиқии ғарбиро пахш намекунад. Бо вуҷуди ин, BBC гуфтааст, ки ахиран аз як таронаи сарояндаи афғон барои ҳамроҳӣ бо хабар истифода кардааст. Ва ҳамчунин, барномаҳои анъанавии мусиқии афғонро намоиш медиҳад.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки баъзе аз паёмҳои зидди Толибон, ки дар дигар бахшҳои BBC пахш мешавад, дар бахши афғонистонии он ғайб мезанад. Худи кормандони ин расона гуфтаанд, ки нашри гузориш ва мақола дар хусуси ҳуқуқи занон ва озодии баён бисёр душвор аст. Дар таҳқиқот ба нақл аз кормандони ин расона омадааст: “Мардум тамос мегиранд ва хоҳиш мекунанд, ки мусиқии бештар намоиш диҳем, вале мо ин корро намекунем, чунки агар инро анҷом диҳем, кору фаъолияти мо дар дохили Афғонистон баста мешавад”.

Созишномаи BBC Media Action бо “Радио ва телевизиони миллӣ”-и Толибон

Таҳқиқоти "UnHerd" нишон медиҳад, ки “BBC Media Action” бо Радио ва телевизиони миллии Афғонистон, ки зери назорати Толибон аст, як Созишномаи ҳамкорӣ имзо кардааст. Сарчашмаҳо тасдиқ мекунанд, ки дар ин созишнома инъикос намудани лоиҳаҳои омӯзиши тандурустӣ бо арзиши 1, 9 миллион доллар вуҷуд дорад.

Худи масъулони BBC тасдиқ намудаанд, ки BBC хароҷоти дархостшудаи Толибонро супоридааст ва ҳамчунин, молиёти даромадро барои маоши кормандон пардохт кардааст.

Раҳбарони BBC дар иртибот ба ҳамкориҳои зикршуда баён кардаанд, ки бар боварашон муомилот бо Аҳмадӣ ва Ҳаққонӣ мухолифи қонунҳои Британия нест. Онҳо аз фаъолияти BBC дар Афғонистон ҳимоят карда, мегӯянд, ифтихор аст, ки “танҳо як расонаи байналмилалӣ аст, ки ҳоло дар Афғонистон барнома пахш мекунад”.

Масъулони BBC дар паёми расонаи “Афғонистон интернешнл” гуфтаанд, ки лоиҳаи аслӣ дар Афғонистон “идома дорад” ва дар доираи он барномаҳои инсондӯстона ва тиббӣ барои шунавандагони худ таҳия хоҳанд кард.

BBC гуфтааст, ки бо “беш аз 50 истгоҳи радиоҳои маҳаллӣ” дар Афғонистон ҳамкорӣ мекунад ва дар бораи масъалаҳои тандурустӣ, аз ҷумла саломатии модару кӯдак, ғизову беҳдошт барномаҳо таҳия менамояд. BBC мегӯяд, Радио ва телевизиони миллии Афғонистон “ аз ин лоиҳаҳои инсондӯстона ҳеч гуна манфиате наёфтааст”.

BBC гуфтааст, ки барои идомаи фаъолият дар кишвари Афғонистон бо Радио ва телевизиони миллии Афғонистон созишнома баста, аммо дар бадали он “ҳеч гуна буҷа, омӯзиш, таҷҳизот ё дастгирӣ аз ҷониби BBC Media Action пешниҳод намешавад”.

Шабакаи ҷаҳонии BBC тасдиқ намудааст, ки барои фаъолият дар Афғонистон бояд “молиёти даромад барои кормандон ва хароҷоти қонунӣ, чун сабти воситаҳои нақлиёту иҷозатномаҳо, ки барои ҳар як ташкилоте, ки дар Афғонистон фаъолият мекунад, зарур аст”, пардохт мекунад. BBC гуфтааст, ки пардохти ин маблағҳо таҳримҳои байналмилалиро нақз намекунад. Ин расона таъкид намудааст, ки дар муомила бо гурӯҳи террористии Толибон таҳримҳои Британияи Кабир ва Вазорати хориҷаи ин кишварро риоя мекунад.

Dialog.tj

(Матлаб бо истифода аз иттилооти расонаӣ навишта шудааст)

Хатти хабарҳо

18.09.2026 18:29

“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд

Хабаргузории “Меҳр”-и Эрон бо такя ба манобеи иттилоотӣ навишт, ки мақомоти амрикоӣ дар тозатарин ҳаракати дипломатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хостаанд, ки роҳи тиҷорат бо Эронро бибанданд. Ин хабаргузорӣ дар пасманзари ин пешниҳоди Амрико навишт: “Роҳи оҳан, шоҳроҳ, бандар, қубури газ ва масири транзитӣ дар як шаб бунёд намешавад. Барои ҳамин, агар Эрон барои минтақа фақат як бозори нисбатан хурд мебуд, ҷудо шудан аз он осонтар менамуд. Вақте сухан аз роҳи дастрасӣ ба баҳр ва бозорҳои ҷанубӣ меравад, масъала хеле мураккабтар мешавад”.
18.09.2026 18:38

Ду кудак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд

Сокинони як деҳа дар ноҳияи Муъминобод дар нисфи шаб бо як саҳнаи такондиҳанда рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо ду кӯдаки хурдсолро бо дастони баста, дар як ғор, дар зери буттаҳо пайдо намуданд. Ин ду кӯдак иқрор намуданд, ки онҳоро дуздида, бо дастони баста дар ин ғор ҷо додаанд.
18.09.2026 14:04

Ба ҷои метро дар Душанбе роҳи оҳани шаҳрӣ. Тоҷикистон аз ширкатҳои кореягӣ хост дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ даъват намуд, ки дар бунёди роҳи оҳани шаҳрии Душанбе, ки арзиши он беш аз як миллиард доллар аст, ширкат ва сармоягузорӣ кунанд.
18.09.2026 12:16

Сарвазири Шветсия пас аз шикасти интихоботӣ истеъфо дод

Сарвазири Шветсия Улф Кристерссон пас аз натиҷаи ниҳоии интихоботи парлумонӣ аз мақомаш истеъфо дод. Ин иқдом роҳро барои ташкили ҳукумати нави таҳти раҳбарии Магдалена Андерссон боз мекунад.
18.09.2026 08:38

Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ расман оғоз шуда, осорхонаи Сирк ифтитоҳ гардид

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе нахустин Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» оғоз гардид.
18.09.2026 07:36

Ҷалби сармоягузорӣ ва роҳандозии корхонаҳои муштарак. Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони рус мулоқот кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони Думаи вилояти Воронеж, мақомоти намояндагии минтақавӣ, Палатаи савдо ва саноати вилояти Рязан ва соҳибкорони рус мулоқот намуд.
17.09.2026 17:24

Хабарнигори “Телевизиони Тоҷикистон” дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт

Хабарнигори шабакаи “Телевизиони Тоҷикистон” Маҳмадраҷаб Абдуллозода дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ҷон бохтааст. Дар натиҷаи ин садама се ҳамроҳи ӯ низ ҷароҳат бардоштаанд.
17.09.2026 16:17

Дар Душанбе Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии СҲШ доир шуд

Имрӯз, 17-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва бо иштироки роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд.