3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:08, Душанбе
27.02.2025 08:19

Духтарони Толибон дар мактаби як ҳунарпешаи шотландӣ таҳсил мекунанд

Рӯзномаи шотландии “The Heraild” дар гузорише навишт, ки духтарони аъзо ва роҳбарони гурӯҳи террористии Толибон дар як мактаби хусусии ҳунарпешаи шотландӣ Дэвид Ҳейман таҳсил мекунанд. Ин мактаб дар шаҳри Кобул фаъолият мекунад.

Ин рӯзнома дар гузориши худ менависад, ки аъзо ва роҳбарони Толибон бо вуҷуди мамнуъ будани таҳсили духтарон дар Афғонистон, фарзандонашонро ба мактаби хусусие мефиристанд, ки аз сӯйи созмони хайриявии ҳунарпешаи шотландӣ Дэвид Ҳейман маблағгузорӣ мешавад.

Мактабе, ки дар он духтарони Толибон таҳсил мекунанд, аз сӯйи як шахси хориҷӣ мудирият мешавад. Рӯзномаи шотландӣ тасдиқ мекунад, ки мактаб аз сӯйи созмони хайриявии  “Sperit Aid” – и Дэвид Ҳейман идора мешавад ва ҳоло 80 хонанда, аз ҷумла писарону духтарон дар он таълим мегиранд.

Дэвид Ҳейман, ҳунарпешаи маъруфи шотландӣ ва асосгузори созмони хайриявии “Sperit Aid” дар суҳбат бо рӯзномаи “The Heraild”  дурӯягии Толибонро маҳкум намудааст.

“Толибон духтарони худро ба мактаби мо мефиристанд, дар ҳоле ки, дигар духтарони афғон аз ин ҳуқуқ маҳрум шудаанд”- таъкид мекунад Дэвид Ҳейман.

Дар гузориши рӯзномаи шотландии “The Heraild” мудири мактаби хайриявӣ Толибонро “мунофиқони лаънатӣ” хондааст.

Дэвид Ҳейман, ҳунарпешаи маъруфи шотландӣ ба воситаи бунёди хайриявияш ба номи “Sperit Aid” дар лоиҳаҳои мухталифи башардӯстона фаъолият мекунад. Ин муассиса илова бар пуштибонии хонандагони афғон, инчунин, аз таъмини хароҷоти таҳсили 30 духтари фаластинӣ низ хабар додааст.

Дэвид Ҳейман бо нигаронӣ аз вазъияти амнияти духтарони фаластинӣ гуфтааст: “Нисфи онҳо ҳоло бедарак шудаанд ва ё эҳтимолан кушта шудаанд. Мо ҳеч хабари дақиқе дар хусуси онҳо надорем. Ҳукумати мо бояд аз шарм сарашро хам кунад”.

Дэвид Ҳейман гуфтааст, дар ҳоли омода намудани намоишномае дар хусуси сарнавишти талхи занони Афғонистон аст. Заноне, ки ба гуфтаи ӯ “Акнун ҳамчун шаҳрванд ҳисоб намешаванд, наметавонанд дар хонаи худ биханданд ё суруд хонанд  ё таҳсили онҳо ба сатҳи ибтидоӣ маҳдуд шудааст”.

Хабари ба мактаб фиристодани духтарони аъзо ва роҳбарони Толибон дар ҳоле нашр мешавад, ки таҳсил барои тамоми духтарони Афғонистон бар асоси дастури раҳбари ин гурӯҳ манъ шудааст.

Гурӯҳи террористии Толибон ба дархости пай дар пайи кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ дар хусуси боз кардани мактаб ва донишгоҳҳо посухи рад додаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.