Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Аббос Ироқчӣ: “Ҳамкории Эрон ва Русия дар мавриди вазъияти Афғонистон идома меёбад”
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Ироқчӣ дар дидор бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров дар шаҳри Теҳрон гуфт, ки таҳаввулоти Афғонистон барои Теҳрон ва Маскав аҳмият дорад. Ӯ таъкид кард, ки гуфтугӯи Русия ва Эрон дар мавриди Афғонистон идома дорад ва ин ду кишвар дар хусуси вазъияти он бо ҳам машварат мекунанд.
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсия Русия дар дидор бо Аббос Ироқӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт: “Дар мавзӯи Афғонистон мо дар доираи ҳамкории чор кишвар – Эрон, Русия, Чин ва Покистон фаъолият мекунем”.
Аббос Ироқчӣ, ки дар нишасти матбуотии муштарак бо Сергей Лавров суҳбат мекард, дар мавриди музокироти Эрон бо Амрико гуфт, то замони боқӣ мондани сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ ва таҳримҳо Эрон бо Амрико музокирот нахоҳад кард.
“Мо зери фишор, таҳдид ва таҳрим гуфтушунид намекунем ва то замоне, ки фишори ҳадди аксарӣ ба ин шева барҷост, имкони гуфтушуниди мустақим миёни мо ва Амрико дар мавзӯи атомӣ вуҷуд нахоҳад дошт” – таъкид кард Аббос Ироқчӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”