Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сафири Амрико: “Бадтарин кори ҷаҳон ба расмият шинохтани Толибон аст”
Райан Крокер, сафири пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон дар 12-умин нишасти амниятии Ҳирот, ки аз сӯйи фаъолон ва сиёсиёни Афғонистон баргузор мешавад, гуфт, Толибони даври дуюм нисбат ба Толибони даври аввал бадтаранд ва ниҳоят ваҳшиёна амал мекунанд.
Сафири пешини ИМА дар Кобул, Райан Крокер рӯзи душанбе дар ҷамъи фаъолони афғонистонӣ аз вазъи амниятӣ дар Афғонистон нигаронӣ намуда, чунин афзуд: “Терроризм дар ин кишвар ҳамчунон зинда ва фаъол аст”.
Райан Крокер дар нишаст бо қатъият гуфт, бадтарин коре, ки ҷаҳон метавонад анҷом диҳад, эътирофи расмии Толибон аст. Ин дипломати амрикоӣ Толибонро гурӯҳи террористӣ тавсиф кард ва ҳузури онон дар қудратро нигаронкунанда хонд.
Дипломати номбурда дар замони хориҷ шудани неруҳои Амрико аз Афғонистон ва таркиш дар майдони ҳавоии Кобул гуфта буд, ки “ҷанги воқеӣ ҳанӯз оғоз нашудааст” ва раванди хориҷ шудан аз Афғонистон руҳияи ифротгароиро дар саросари ҷаҳон тақвият кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”