3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:08, Душанбе
24.02.2025 16:12

Толибон хона ба хона гашта василаҳои ороиши занонро мусодира мекунанд

Кормандони ниҳоди амр бар маъруфи гурӯҳи террористии Толибон дар як иқдоми тоза барои пайдо кардани лавозимоти ороиши занона хона ба хона мегарданд ва онро мусодира мекунанд.

Толибон иқдоми ҷустуҷӯи лавозимоти ороиши занона аз қабили кремҳо ва рангҳои лабро дар минтақаи Сари пули Афғонистон оғоз кардаанд. Тибқи дастури раҳбари Толибон, ороиши занон мамнуъ аст. Ин гурӯҳи террористӣ гуфтааст, ки ороиши занон ба воситаи василаҳои модерни ороишӣ “хилофи шариат”  аст. Мақомоти Толибон гуфтаанд, ки ин иқдом дар доираи талошҳо барои “татбиқи шариати исломӣ” бар асоси назари Толибон анҷом мешавад.

Қаблан, Толибон тамоми фаъолияти корхонаҳои ҳуснро дар бозорҳои умумӣ манъ карда буданд. Бархе занони афғонистонӣ барои таъмини зиндагии худ шуғли ороишгариро дар хонаҳои худ идома медиҳанд.  

Талоши хона ба хона барои кашфи лавозимоти ороиши занона кӯшише барои маҳдуд кардани фаъолияти занон аст.

Сокинони минтақаи Сари пули Афғонистон, ки аксаран тоҷикону ӯзбеконанд, гуфтаанд, Толибон бар иловаи мусодираи лавозимоти ороиш, занонро низ ба шуъбаҳои амниятӣ даъват кардаанд.

Гурӯҳи террористии Толибон баъди ба қудрат расидан низоми сахтгиронаи ҳокимиятдориро ҷорӣ кардаанд. Сахтгириҳои Толибон нисбат ба занон ҷомеаи ҷаҳониро хашмгин кардааст. Онҳо таҳсил ва корро барои занони афғонистонӣ манъ кардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.