Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Марко Рубио: “Толибон ба Афғонистон назорати комил надоранд”
Вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио дар тозатарин изҳори назараш дар мавриди Афғонистон гуфт, ки назорати комил надоштани гурӯҳи террористии Толибон бар тамоми қаламрави Афғонистон ба гурӯҳҳои террористии дигар фурсат эҷод кардааст.
Марко Рубио бо таъкиди номушаххас будани вазъияти Афғонистон гуфт, ҳазорон “одамкуши ДОИШ” барои пеш бурдани ҳамлаҳои худ дар пайи рафтан ба минтақаҳои “бидуни ҳукумат дар саросари минтақа” ҳастанд.
Дар пайи шиддат гирифтани ҳамлаҳои террористӣ, интиҳорӣ ва инфиҷорҳо дар Афғонистони зери идораи гурӯҳи террористии Толибон, инак Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии ИМА мегӯяд, ки Толибон бар тамоми қаламрави Афғонистон назорати комил надоранд.
Марко Рубио бо зикри ин масъала ва бидуни он ки ишораи мустақим ба минтақаҳои хориҷ аз назорати Толибон кунад, гуфт ҳоло 8 ҳазор “одамкуши ДОИШ” дар Сурия ҳузур доранд ва бо истифода аз бесуботӣ дар ин кишвар мехоҳанд худро ба минтақаҳои бидуни ҳукумат бирасонанд.
“Дар Сурия наздик ба 8 ҳазор одамкуши ДОИШ дар зиндон ҳастанд, ки агар бесуботӣ дар он ҷо боиси озодии онон шавад, мо мушкили бузурге рӯйи дастамон хоҳем дошт. Ин гурӯҳҳо ба гунаи идомадор дар пайи фазоҳои бидуни ҳукумат ҳастанд...”- зикр кард Марко Рубио.
Марко Рубио таъкид кард, ки феълан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои Афғонистон барномае надорад. Ӯ гуфт, дар гузашта Амрико дар баъзе мавридҳо бо Толибон ҳамкорӣ мекард ва дар баъзе мавридҳо Толибон бо Амрико ҳамкорӣ намекарданд.
Ин изҳори назари вазири корҳои хориҷии Амрико Марко Рубио дар ҳолест, бархе сиёсатмадорони мухолифи режими Толибон ба он дил бастаанд, ки ҳукумати Доналд Трамп ҳокимияти Толибонро сарнагун мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”