3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:08, Душанбе
21.02.2025 07:53

Толибон дар бозии футбол дар Бадахшон тирпарронӣ намуда, 6 нафарро захмӣ карданд

Расонаҳои афғонистонӣ менависанд, ки як фармондеҳи гурӯҳи террористии Толибон дар ҷараёни бозии футбол тирпарронӣ намуда, 6 ҷавони бадахшониро захмӣ кардааст.

Манобеъ иттилоъ додаанд, ки ин ҳодиса дар ҷараёни мусобиқаи футбол миёни деҳаҳои Ғамай ва Убғани Бадахшон рух додааст. Бар асоси иттилоъ, ҳодиса пас аз он ба амал омада, ки фармондеҳи Толибон хоста дар ҷараёни мусобиқаи футол дахолат кунад.

Рӯзномаи “Ҳашти субҳ” бо такя ба манобеаш навишт: “Ин ҷангҷол замоне рух дод, ки яке аз бозигарон тубро зарба мезанад ва он ба сурати яке аз афроди Толибон бармехӯрад”.

Илова ба ин ҳодиса, расонаҳо иттилоъ медиҳанд, ки гурӯҳи Толибон миёни як маъдани тилло дар Бадахшони Афғонистон ҷанҷол доранд. Тибқи иттилоъ ду гурӯҳ аз афроди Толибон дар сангарҳои худ барои ғасби маъдани тиллои Бадахшон ба ҷанг омодагӣ мебинанд.

Ҷангу низоъи Толибон дар моҳҳои ахир зиёд шудааст. Дар ҳукумати марказии Толибон ҳам ихтилофҳо амиқтар мешавад. Рӯзи гузашта вазири адлият Толибон ва имрӯз сарвазири Толибон номаи истеъфои худро ба роҳбарашон манзур карданд.

Гуфта мешавад, ки низоъ дар дохили Толибон пас аз сари кор омадани ҳукумати Доналд Трамп шиддат мегирад. Бархе роҳбарони Толибон бо сиёсатҳои Мулло Ҳайбатуллоҳ - амири Толибон мухолифат нишон дода, Афғонистонро тарк кардаанд. Бар асоси гузоришҳо, бархе чеҳраҳои шинохташудаи гурӯҳи террористии Толибон, ки наздик ба шабакаи террористии “Ҳаққониҳо” мебошанд, вазифаҳои худро тарк намуда, аз Афғонистон хориҷ шудаанд.

Бархе манобеъи дигар дар расонаҳо гуфтаанд, ки неруҳои Толибон дар Панҷшери Бадахшон ба иллати пардохт нашудани маоши худ сангарҳоро раҳо намуда, ба хонаҳои худ бармегарданд. Сокинони Панҷшер ҳам гуфтаанд, ки ҳузури Толибон нисбат ба соли гузашта дар ин минтақа камтар шудааст.

Толибон пас аз ин ки ба қудрат расиданд аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта нашудаанд. Бархе кишварҳо, аз ҷумла Эрон, Ҳиндустон, Чин, Русия, Қазоқистон, Туркия, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон бо ин гурӯҳ равобити дипломатӣ барқарор кардаанд.

Дар нишасти ахири Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси вазъияти Афғонистон аксари кишварҳо нигаронии худро аз фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар баён карданд. Чин, Ҳиндустон ва Русия дар гузориши худ таъкид намуданд, ки бо сари кор омадани Толибон фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар густариш ёфтааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.