3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:09, Душанбе
19.02.2025 08:52

Ба Масъуда Ҷалол ва духтараш дар Женева ҷоизаи ҷаҳонии “Ҳуқуқи зан” тақдим мешавад

Созмонҳои ҷаҳонии ҳимоят аз ҳуқуқи башар тасмим гирифтаанд, ки имсол ҷоизаи байналмилалии “Ҳуқуқи зан” -ро ба Масъуда Ҷалол ва Ҳусно Ҷалол тақдим кунанд.

Дар ин ҳафта 8-умин нишасти байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар дар шаҳри Женеваи Шветсария бо ширкати фаъолони сиёсии кишварҳои мухталифи ҷаҳон баргузор шуд. Ҳар сол дар ин нишаст ҷоизаҳои мухталифе барои қадрдонӣ ба фаъолон ва осебдидагони хушунат ва сиёсатҳои режимҳои диктаторӣ тақдим карда мешавад.

Дар соли 2025 беш аз 30 созмони ҳуқуқи башар дар доири ҳимояти ҳуқуқи занони Афғонистон тасмим гирифтанд, ки ба фаъоли сиёсии зани Афғонистон Масъуда Ҷалол ва Ҳусно Ҷалол ҷоизаи байналмилалиро тақдим кунанд.

Масъуда Ҷалол тайи бист соли ҳукумати Афғонистон яке аз фаъолони асосӣ дар ҳимоят ва мубориза бар ҳуқуқвайронкунӣ нисбат ба занони Афғонистон буд. Ӯ ба сиёсати калон ҳам ворид шуд. Нахустин номзади интихоботи президентӣ дар соли 2002 ва 2004 буд. Дар интихоботи соли 2019 низ барои рақобат дар интихоботи президентӣ муовини аввали номзад ба вазифаи президентӣ гардид.

Илова ба ин, Масъуда Ҷалол Бунёди тавонмандсозии занони Афғонистонро роҳандозӣ намуда, аз тариқи он аз ҳуқуқи занони ин кишвар ҳимоят мекард. Духтараш – Ҳусно Ҷалол ҳаракати занони Афғонистонро барои тақвияти онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намудааст.

Файзуллоҳ Ҷалол - падари ин хонавода профессор ва устоди Донишгоҳи Кобул ва яке аз мухолифони сарсахти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон аст. Ӯ дар ибтидои ба қудрат расидани гурӯҳи Толибон бо лаҳни шадид аз онҳо интиқод намуда, намояндаи онҳоро “гусола” хитоб кард. Ӯ дар суҳбатҳояш гуфтааст, ки намехост аз Афғонистон берун шавад, гарчи чанд бор шароити муҳоҷирати ӯро фароҳам оварда буданд. Вале баъди таҳдидҳои зиёди Толибон ӯ кишварашро тарк кард. Заминаи муҳоҷирати ӯро кишвари Олмон фароҳам карда буд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар талошҳои пайвастаи ин хонаводаро дар назар гирифта, ба намояндагӣ аз тамоми занон ҷоизаи байналмилалии “Ҳуқуқи занон -2025” –ро ба онҳо тақдим мекунанд.

Гуфта мешавад, ки дар маросими тақдими ҷоиза сафирони Созмони Милал, зиндониён пешин, фаъолони ҳуқуқи башар ва журналистони сатҳи ҷаҳонӣ ширкат хоҳанд кард.

Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи башар, яке аз созмондиҳандагони асосии нишасти Женева Ҳиллел Нойер гуфт: “Бо тақдими ин ҷоиза ба Масъуда ва Ҳусно Ҷалол, мо аз тамоми ҳаракатҳои мудофеи ҳуқуқи занони Афғонистон қадрдонӣ мекунем, ки бо вуҷуди шароити душвор, барои ҳуқуқ ба арзишҳои инсонӣ мубориза мебаранд. Корҳои Масъуда ва Ҳусно Ҷалол ба воситаи созмонҳояшон ба занони афғон қудрат мебахшад ва садои онҳоро дар арсаи ҷаҳонӣ ба гӯш мерасонад”.

Масъуда Ҷалол дар хусуси сазовор шуданаш ба ин ҷоизаи муҳимми байналмилалӣ чунин таъкид кардааст: “Ин ҷоиза ба намояндагӣ аз тамоми занони Афғонистон ва ба расмият шинохтани садои онҳо ва муборизаи идомадори мо барои баробариро тақвият мекунад. Умедворем, ин платформаи байналмилалӣ илҳомбахши ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад, то дар канори занони Афғонистон дар муборизаашон барои озодӣ, каромат ва ҳуқуқи башар биистанд”.

Масъуда Ҷалол таъкид намудааст, ин ҷоиза эҳтироми шуҷоат ва иродаи занони афғонистонӣ аст, ки бо вуҷуди мушкилот, ҳамчунин, барои талаб намудани ҳуқуқи худ мубориза мебаранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.