Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Расул Мусавӣ: “Толибон бо шӯриш, ҷанги дохилӣ ё дахолати хориҷӣ сарнагун мешаванд”
Сафири пешини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Расул Мусавӣ дар нишасте, ки дар шаҳри Теҳрон баргузор гашт, таъкид намуд, гурӯҳи Толибон бар асари шӯриш, ҷанги дохилӣ ё мудохилаи хориҷиҳо сарнагун хоҳанд шуд.
Дипломати кӯҳнакори эронӣ бо интиқод аз шеваи кори Толибон гуфт, ин гурӯҳ ба даврони ҳукуматдории аввали зуд боз гаштааст.
Расул Мусавӣ ин суханонро дар ҳамоиши “Ҳамандешии андешамандони Эрон, Афғонистон ва Русия”, ки бо ҳузури коршиносон дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, баён намуд. Ӯ дар ин нишаст се санарияро барои ояндаи Толибон матҳар кард:
“Эҳтимоли аввал таҳкиму идомаи вазъияти ҳозира аст. Эҳтимоли дуюм тағйир дар шеваи ҳукмронии Толибон (тағйири рафтор, ташкили ҳукумати мушорикатӣ ва фарогир) хоҳад буд. Эҳтимоли сеюм тағйири режими сиёсӣ (бар асари шӯриш, ҷанги дохилӣ ва дахолатҳои хориҷӣ) дар Афғонистон аст”- таъкид мекунад Расул Мусавӣ.
Дар идомаи суҳбати худ дипломати эронӣ меафзояд, ки бо таваҷҷуҳ ба шеваи ҳукумат ба расмият шинохтани ин гурӯҳ аз ҷониби кишварҳо як амри душвор аст: “Бесуботии Афғонистон ҳам ба ҷиҳати байналмилалӣ ва ҳам ба ҷиҳати дохилӣ (масъалаҳои қавмӣ-занон-таҳсили духтарон ва ғайра) идома меёбад”.
Ин дипломати барҷастаи эронӣ таъкид кард, ки ҳузури густурдаи гурӯҳҳои террористӣ сабаби асосии ҳамкорӣ накардани кишварҳои минтақа бо ҳукумати Толибон аст.
Расул Мусавӣ бо таъкиди ин нукта, ки Толибон ба даврони аввали ҳукуматдории худ баргаштаанд, меафзояд: “Тамоми суҳбатҳои даврони музокирот дар мавриди ҳукумати фарогир, омӯзиши духтарон ва ҳуқуқи занону дигар мавзуъҳоро фаромӯш кардаанд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”