3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:09, Душанбе
17.02.2025 16:53

СММ: “Алқоида” ба “Толибон”-и Покистон ва “Ансоруллоҳ”-и Тоҷикистон омӯзиши террористӣ медиҳад

Созмони Милали Муттаҳид бо нашри гузорише аз вазъияти ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон мегӯяд, ки “Алқоида” барои омӯзиш додани “Толибон”-и Покистон ва “Ҷамоати Ансуруллоҳ”-и Тоҷикистон дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон лагерҳои омӯзишӣ таъсис додааст. 

Бар асоси гузориши Созмони Милали Муттаҳид “Толибон”-и Покистон ва “Ҷамоати Ансуруллоҳ”-и Тоҷикистон дар минтақаҳои Афғонистон, асосан дар Хуст, Кунар, Нангарҳор, Пактико ва Тахор дар лагерҳо зери назари “Алқоида” омӯзишҳои низомӣ, экстремистӣ ва террористӣ мебинанд.

Созмони Милали Муттаҳид таъкид кардааст, ки аз 34 вилояти Афғонистон гурӯҳҳои террористӣ дар 14 вилояти ин кишвар лагерҳои террористии омӯзишӣ созмондиҳӣ кардаанд.

Нуктаи асосии гузориши Созмони Милали Муттаҳид он аст, ки “Алқоида” ба шакли фаъолона гурӯҳҳои террористии зиркшударо омӯзиш медиҳад.

Ин гузориш дар ҳоле нашр мешавад, ки чанде қабл Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфта буд, ки ин гузориш пешгӯии беасос ва таблиғоти баъзе доираҳо аст.

Дар ҳафтаи гузашта, дар нишасти Шурои амнияти Созмони Милал бисёре аз кишварҳо аз густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда буданд. Кишварҳое мисли Чин, Русия ва Ҳинд, ки бо гурӯҳи террористии Толибон равобити иқтисодӣ ва дипломатӣ барқарор кардаанд, аз фаъолшавии гурӯҳҳои дигари террористӣ нигаронӣ намуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.