Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Коҳиши хароҷоти низомӣ ва силоҳи атомӣ ҳадафи баъдии Трамп дар музокира бо Чин ва Русия
Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъкид намуд, ки пас аз поён ёфтани ҷангҳо дар Украина ва минтақаи Ғазза мақсад дорад, бо Чин ва Русия мулоқот намуда, масъалаи коҳиши хароҷоти низомиро баррасӣ кунад.
Президенти ИМА Доналд Трамп дар суҳбат бо хабарнигорон дар Кохи сафед таъкид кард, ки баъди поёни ҷанги Украина ва Ғазза бо Чин ва Русия оид ба масъалаи кам кардани хароҷоти низомӣ ва аслиҳаи атомӣ музокира хоҳад кард.
“Вақте ҳамаи мушкилотро ҳал мекунем, яке аз мулоқотҳои аввалини ман бо президенти Чин Си Ҷинпин ва президенти Федератсияи Русия Владимир Путин хоҳад буд. Ман мехоҳам ба онҳо гӯям: биёед хароҷоти низомии худро ба нисф коҳиш диҳем”- таъкид кард Доналд Трамп.
Доналд Трамп ҳамчунин, изҳор дошт, ки мехоҳад гуфтугӯ дар мавриди коҳиши аслиҳаи атомӣ бо Чин ва Русияро низ аз сар гирад. Трамп ин нуқтаро ҳангоми нишасти матбуотӣ бо сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди эълон кард. Ӯ гуфт: “Мо зарурате надорем, ки силоҳи нави ҳастаӣ истеҳсол кунем”.
Бар асоси гузориши Пажӯҳишгоҳи байналмилалии таҳқиқоти стратегӣ дар соли 2024 хароҷоти дифоии Русия дар шакли воқеӣ 42 дарсад афзуда, ба 13, 1 триллион рубл (462 миллиард доллар) расид. Дар соли 2025 он боз 13,7 дарсад боло рафта, 15, 6 триллион рублро ташкил хоҳад дод, ки 7, 5 % маҷмӯи маҳсулоти дохилии хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Дар муқоиса хароҷоти ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Британияи Кабир дар соли гузашта 12% зиёд гардид. Ҳаҷми он 457 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки 5 миллиард камтар аз хароҷоти низомии Русия аст.
Дар ҳамин ҳол, соли гузашта Пажӯҳишгоҳи байналмилалии таҳқиқоти стратегӣ гузориш дод, ки 9 кишвари ҳастаӣ – ИМА, Русия, Чин, Фаронса, Британияи Кабир, Исроил ва Кореяи Шимолӣ захираҳои аслиҳаи худро васеъ кардаанд ва шумораи аслиҳаҳои атомии барои истифода низ афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад