Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Толибон “лашкари интиҳорӣ” - “Алқоида” ва “Ансоруллоҳ”–ро дар Бадахшони ҳаммарз бо Тоҷикистон ҷойгир кардаанд
Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид гузориш дод, гурӯҳи террористии Толибон як воҳиди ҷангии бомбагузорони интиҳориро, ки аз аъзои гурӯҳҳои “Ансоруллоҳ” ва “Ал-қоида” иборат аст, дар вилояти Бадахшони Афғонистон ҷойгир кардааст. Ин гузориш дар ҳоле нашр мешавад, ки таҳдидҳои ДОИШ-и Хуросон босуръат густариш меёбад.
Ин маълумот нишон медиҳад, ки танишҳо ва даргириҳои дохилӣ дар байни гурӯҳҳои террористӣ дар ин минтақа афзоиш ёфтааст.
Гузориши нашршуда таъкид кард, гурӯҳи Толибон аз “Лашкари мансурӣ” барои анҷоми амалиёт бар зидди ҷабҳаҳои муқовимат, ки бар зидди онҳо фаъолият мекунанд, истифода хоҳад кард.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Ҷабҳаи озодии Афғонистон ду гурӯҳи низомиест, ки бар зидди гурӯҳи террористии Толибон дар минтақаҳои Афғонистон амалиёти низомӣ анҷом медиҳанд.
“Лашкари мансурӣ”-и гурӯҳи террористии Толибон як воҳиди интиҳорӣ аст, ки дар амалиётҳои террористӣ фаъолона ширкат мекунанд. Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои мухталиф борҳо аз Толибон хостаанд, ки аз шеваҳои ғайриинсонии ҷанг, аз ҷумла истифодаи инсонҳои худкуш дар амалиётҳои интиҳорӣ даст бардоранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”