Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Таҳдиди Толибон ба ҳамсояҳо: “Бо санг занед, бо кулух посух медиҳем”
Муовини иқтисодии сарвазири гурӯҳи террористии Толибон Абдусалом Ҳанафӣ имрӯз дар нишасте дар шаҳри Кобул бе он ки аз кишвари хосе ном барад, гуфт, ки ихтилоф ба манфиати кишвари ҳамсоя нест. Ин мақоми Толиб ҳушдор дод, ки агар кишварҳои ҳамсоя “бо санг бизананд”, гурӯҳи Толибон бо “кулух” посух медиҳад.
“Агар онҳо ба корҳои дохилии мо дахолат кунанд, мо низ ҳақ дорем, аз худ дифоъ кунем. Агар касе бо санг ба мо ҳамла кунад, агар натавонем бо санг посух диҳем, маҷбур хоҳем буд, ки бо кулух посух диҳем” – гуфт Абдусалом Ҳанафӣ.
Абдулсалом Ҳанафӣ таъкид карда, ки равобити хуб ба манфиати миллатҳои ҳамсоя аст ва Толибон аз робитаҳои мусолиматомез ҳимоят хоҳанд кард.
Муовини сарвазири Толибон Абдусалом Ҳанафӣ дар ин суҳбаташ ба таври ошкоро ба кишвари хосе ишора накардааст, вале дар чанд ҳафтаи ахир мақомоти покистонӣ аз ҳукумати Толибон шадидан интиқод кардаанд. Онҳо ҳукумати Толибонро ба паноҳ додани ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Таҳрики Толибон муттаҳам мекунанд. Гуфта мешавад, ки дар ин шабу рӯз Покистон бо гурӯҳи Толибон равобити пуртаниш доштааст. Покистон гурӯҳи Толибонро таҳдид кардааст, ки минбаъд онҳо барои нобудии паногоҳҳои террористӣ дар хоки Афғонистон ба амалиёти низомӣ даст хоҳанд зад.
Бархе коршиносон ишора мекунанд, ки “бархе ҳамсояҳо” дар назари гурӯҳи Толибон Покистон аст. Таҳдиди мақоми Толибон дар робита ба дахолат накардани кишварҳои ҳамсоя дар умури Афғонистон дар ҳолест, ки чанде қабл Созмони иктишофии Покистон (ISI) бо мухолифони зидди Толибон дар Туркия дидор карда буд. Расонаҳо ҳадс заданд, ки Покистон мехоҳад барои фишор ворид кардан ба гурӯҳи террористии Толибон аз мухолифони онҳо истифода кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”