Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Пет Ҳарриган: “ИМА дар оянда ба Афғонистон бар хоҳад гашт”
Пет Ҳарриган, намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, ки бовар дорад, Амрико дар оянда ба Афғонистон бар хоҳад гашт.
Ин узви Конгресси Амрико аз шеваи хуруҷи кишвараш аз Афғонистон шадидан интиқод намуда, гуфтааст, ки ин хуруҷ насли ояндаи амрикоиҳоро ба даргирӣ рӯ ба рӯ хоҳад кард.
Ин узви Конгресси Амрико рӯзи якшанбе, 9 феврал ба хабарнигори “Дейли Сигнал” дар хусуси хуруҷи Амрико аз Афғонистон суҳбат кард.
Пет Ҳарриган дар ин суҳбат ишора мекунад, ки суқути зудҳангоми ҳукумати Афғонистон дар соли 2021 ба дасти Толибон яке аз сабабҳои асосии ворид шудани ӯ ба сиёсат ва узвияташ дар Конгресс будааст.
Пет Ҳарриган, ки аз шахсиятҳои наздик ба Майк Уолтз, мушовири амнияти миллии Доналд Трамп аст, мегӯяд, шикасти низомӣ ва сиёсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон таҳдиде барои амнияти миллии кишвараш, бахусус бар зидди “душманони эҳтимолӣ” ба ҳисоб меравад.
“Сиёсатмадорон ва роҳбарони низомиамон моро шикаст доданд. Агар аз назари сохторӣ он қадр заиф бошем, ки Афғонистонро раҳо кунем, дар воқеъ аз душманони худ мехоҳем, ки ба мо ҳамла кунанд” – гуфт Пет Ҳарриган.
Ӯ дар охири суҳбаташ чунин таъкид намудааст: “Мехоҳам ҳар коре ки тавонам, дар ин ҷо, дар Вашингтон анҷом диҳам, то аз даргирии баъдӣ, ки фикр мекунам, хеле эҳтимолӣ аст, пешгирӣ намоям”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”