3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:11, Душанбе
11.02.2025 07:30

Ҳинд мехоҳад сафорати Афғонистонро ба Толибон вогузор кунад

Бархе ВАО-и Афғонистон гуфтаанд, ки кишвари Ҳинд дар ҳоли гуфтугӯ барои вогузории сафорати Афғонистон ба дипломатҳои гурӯҳи террористии Толибон аст.

Тибқи иттилоъ, гурӯҳи террористии Толибон дар назар аст дар навбати аввал як ҳайати чанднафариро барои баррасии корҳо ба сафорати Афғонистон дар Деҳлӣ хоҳад фиристод.

Аммо ҳанӯз расман мушаххас нашудааст, ки Толибон киро ба унвони сафир ба Ҳинд мефиристанд. Бархе манобеъ мегӯянд, Наҷиб Шоҳин, писари Суҳайл Шоҳин ва Шавкат Аҳмадзай, чеҳраи наздик ба Толибон номзадҳои эҳтимолӣ ба вазифаи сафири Афғонистон дар Ҳинд мебошанд.

Тасмими Ҳинд барои супоридани сафорати Афғонистон дар Деҳлӣ ба гурӯҳи Толибон бо мухолифати дипломатҳои ҳукумати собиқи Афғонистон рӯ ба рӯ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар охирҳои соли гузашта Аббос Стонекзай, муовини сиёсии Вазорати хориҷаи гурӯҳи террористии Толибон гуфта буд, Сайид Муҳаммад Иброҳим ва Закӣ Вардак, ду генерали консули Афғонистон дар Ҳинд бо Вазорати хориҷаи ин гурӯҳ ҳамкорӣ доранд ва сафорат ба зудӣ боз хоҳад шуд.

Сайид Муҳаммад Иброҳим дар он вақт бо нашри паёми савтӣ гуфта буд, ки бо дархости Ҳукумати Ҳинд масъулияти кори консули Афғонистон дар ин кишварро ба уҳда гирифтааст.

Закӣ Вардак бошад пас аз боздошт шуданаш дар майдони ҳавоии Деҳлӣ аз вазифаи худ истеъфо дод.

Ҳукумати Ҳинд қаблан як дипломати Толибон бо номи Икромиддин Камилро ба ҳайси консули Афғонистон дар шаҳри Мумбайни Ҳинд пазируфта буд.

Дар он замон Ҳайбатуллоҳ Ҳидоят, раиси радио ва телевизиони миллии гурӯҳи террористии Толибон дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “X” навишта буд, ки Икромиддин Комил, дипломати муаррифишуда аз сӯйи Толибон ба сифати консули Афғонистон дар Мумбайи Ҳинд ба кори худ оғоз кард.

Пас аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва рӯйи кор омадани гурӯҳи террористии Толибон дипломатҳои ин гурӯҳро бисёре аз кишварҳои дунё напазируфтанд. Созмони Милали Мутаҳид ва Иттиҳоди Аврупо ҳанӯз ин гурӯҳро ба расмият нашинохтаанд. Бархе кишварҳое, ки бо ин гурӯҳ равобити дипломатӣ ва сиёсӣ барқарор кардаанд, мегӯянд ин ба маънои ба расмият шинохтани Толибон нест.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон бо гурӯҳи террористии Толибон робитаҳои дипломатӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ барқарор кардаанд.

Тиҷорат миёни Ӯзбекистон ва гурӯҳи террористии Толибон дар соли гузашта ба беш аз 1 миллиард доллар афзоиш ёфтааст. Ин кишвар дар талош аст, ки лоиҳаҳои иқтисодии зиёдеро дар Афғонистон амалӣ кунад. Дидор ва гуфтугӯи Толибон ва мақомоти олии Ӯзбекистон тайи солҳои охир афзоиш ёфтааст.

Қазоқистон низ бо гурӯҳи Толибон равобити дипломатӣ ва иқтисодӣ барқарор кардааст. Бар асоси маълумоти ВАО тиҷорат миёни Қазоқистон ва Афғонистон беш аз 2 миллиард доллар ҳисоб шудааст. Ҳукумати Қазоқистон чанде қабл гурӯҳи Толибонро аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар ҳазф кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишвар аз Осиёи Марказӣ аст, ки то ҳанӯз дар мавқеи худ устувор буда, борҳо эълон кардааст, шарти ба расмият шинохтани Толибон эҷоди ҳукумати фарогир аст, ки дар он ҳама ақвом саҳм дошта бошанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.