Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Трамп: “Агар бо Эрон тавофуқ кунем, Исроил онҳоро бомбаборон намекунад”
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар суҳбат бо рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” гуфт, ки алоқаманди созиш бо Эрон аст. Ӯ афзудааст, ки агар бо Эрон ба тавофуқ бирасад, Исроил дигар наметавонад ин кишварро бомбаборон кунад.
“Алоқаманд ба дастёбӣ ба тавофуқи атомӣ бо Эрон ҳастем. Агар ба тавофуқ бирасем, Исроил Эронро бомбаборон нахоҳад кард” – таъкид кардааст Доналд Трамп.
Президенти Амрико дар ин суҳбат таъкид кардааст, ки гуфтугӯ ва тавофуқ бо Эронро нисбат ба бомбаборон кардани ин кишвар беҳтар медонад.
“Онҳо намехоҳанд бимиранд. Ҳеч кас хоҳони мардан нест. Агар тавофуқеро имзо кунем, Исроил онҳоро бомбаборон нахоҳад кард” – зикр кардааст Доналд Трамп.
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо парҳез аз ифшои ҷузъиёти музокира бо Эрон чунин таъкид кардааст: “Дӯст надорам, Шуморо дар ҷараёни он чӣ ба онҳо хоҳам гуфт, қарор диҳам. Ҳамон тавр, ки медонед, ин кори хубе нест”.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Доналд Трамп сиёсатҳои сахтгиронаро бар зидди содироти нафти Эрон ва ба сифр расонидани он имзо карда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад