Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Ҳайати ИДМ интихоботи парлумониро назорат мекунад
Ҳайате аз намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои шинос шудан ба омодагиҳо ва назорат намудани ҷараёни баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе шуданд.
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон кард, ки барои назорати бетарафонаи ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳайатеро ба Тоҷикистон фиристодааст.
Муовини дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Нурлан Сейтимов рӯзи шанбе, 8-уми феврал бо раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дидор намуда, оид ба раванди баргузории интихобот гуфтугӯ намуд.
Нурлан Сейтимов гуфт, ки ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вазифаи худро бар асоси принсипи бетарафӣ анҷом хоҳад дод. Ӯ гуфт, ки дар раванди назорати интихоботи парлумонии Тоҷикистон 120 нафар ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вазифаашонро анҷом хоҳанд дод.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон, Русия, Беларусия, Арманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Молдавия, узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд.
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон панҷ сол қабл баргузор гардида буд ва он имсол моҳи март баргузор хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад