Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Амрико 7 чархболи бозмондааш дар Ӯзбекистонро бозпас гирифт
Мақомоти амрикоӣ эълон карданд, ки 7 ҳавопаймои артиши Афғонистонро, ки дар ҳудуди Ӯзбекистон боз монда буданд, ба Пентагон баргардониданд. Мақомоти низомии Амрико баъди бозрасӣ маълум карданд, ки аз маҷмуи ҳавопаймо ва чархболҳои интиқолёфта ба Афғонистон 7 чархбол барои истифода мувофиқ аст ва онҳоро дубора ба Амрико интиқол доданд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар замони ҳукумати Ашраф Ғанӣ қисми зиёди ҳавопаймо ва чархболҳоро низомиёни афғонистонӣ ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистон интиқол доданд. Тибқи маълумоти расмӣ дар он вақт 46 воҳиди техники ҳавоӣ – 22 ҳавопаймо ва 24 чархбол аз Афғонистон ба Ӯзбекистон интиқол ёфтанд.
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тошканд эълон карда буд, ки ҳавопаймо ва чархболҳои интиқолёфта моликияти артиши Амрико буда, ба давлати Афғонистон тааллуқ надорад. Баъди музокироти тӯлонӣ амрикоиҳо бо ҳукумати Ӯзбекистон ба тавофуқ расиданд, ки ҳавопаймо ва чархболҳои интиқолёфта, ба ихтиёри артиши Ӯзбекистон вогузор шавад.
Тибқи иттилои нав амрикоиҳо аз маҷмуи 24 чархбол танҳо 7 чархболро барои истифодаи неруҳои низомии Амрико мувофиқ дониста, онро дубора ба Пентагон бозпас гардониданд.
Гурӯҳи террористии Толибон дарҳол аз ҳукумати Ӯзбекистон хост, ки ҳавопаймоҳоро ба Афғонистон баргардонанд. Вале ҳукумати Ӯзбекистон таъкид намуда буд, ки воҳидҳои техникаи ҳавоӣ моликияти Амрико аст ва бояд онҳо тасмим бигиранд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба кишварҳои минтақа иҷоза надод, ки воҳидҳои техникаи ҳарбии ин кишвар дар ихтиёри гурӯҳи террористии Толибон қарор гирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад