3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:09, Душанбе
06.02.2025 14:27

Асрори фошшуда: Толибон беш аз 1400 занро боздошт ва зиндонӣ кардаанд

Як гурӯҳи хакерӣ ба сарчашмаҳои иттилооти вазорат ва ниҳодҳои зертобеъи гурӯҳи террористии Толибон ҳамлаҳои хакерӣ анҷом дода, бархе асноди онҳоро нашр кардаанд.

Дар асноди сиррие, ки аз сӯйи хакерҳо дар вебсасти “Толибон лик” нашр шудааст, ин гурӯҳ дар маҷмуъ 1400 занро дар Афғонистон боздошт ва зиндонӣ кардаанд.

Бар асоси гузориши нашршуда дар байни занони боздоштшуда даҳҳо шарҳвандони хориҷӣ низ вуҷуд доранд.

Бахши муҳимми асноди фошшуда вобаста ба идораи мустақили зиндонҳои Афғонистон мебошад. Зиндонҳо аксаран дар маркази вилоятҳои Афғонистон ҷойгиранд.

Бар асоси иттилооти нашршуда маҷмӯи кулли зиндониҳо ва боздоштшудаҳо дар боздоштгоҳҳои маркази вилоят ба 18 ҳазор мерасад.  Дар миёни боздоштшудаҳо 63 марди хориҷӣ мебошанд. Маҷмӯи занони боздоштшуда 1374 афғон ва 6 зани хориҷӣ мебошад.

Тибқи иттилои ифшошуда се мард ва ду зан дар Ҳирот зиндонӣ шудаанд. Нангарҳор, вилояти дигаре дар шарқи Афғонистон аст, ки дар он 11 мард ва як зани хориҷӣ боздошт шудаанд.

Дар вилояти Кунар -  аз вилоятҳои ҳаммарзи Афғонистон бо Покистон низ панҷ нафар боздошт шудаанд. Дар Қандаҳор, дар ҷануби Афғонистон низ як марди хориҷӣ зиндонӣ ва 8 нафари дигар боздошт шудаанд.

Дар ин ҷадвал ба ҳувият ва миллияти афроди боздоштшуда ишора нашудааст.

Бар асоси феҳристи фошшуда то моҳи сентябри соли гузашта Толибон занони бештарро дар Ҳирот, Кобул, Самангон зиндонӣ кардаанд. Шумораи занони зиндонии Толибон дар Ҳирот 96, дар Кобул 70 ва дар Самангон 36 нафар сабт шудааст.

Шумораи занони боздоштшуда дар Кобул 2009 нафар, дар Ҳирот 126 нафар, дар Балх 112 нафар гузориш шудааст. Тибқи маълумоти феҳрист дар рӯзҳои ахир 14 зан дар Самангон боздошт шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.