Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Бахши хусусии Ӯзбекистон бо Толибон тиҷорат мекунад
Намояндагони Вазорати саноат ва тиҷорати гурӯҳи террористии Толибон мегӯянд, ки бо бахши хусусии Ӯзбекистон дар заминаи тиҷорат ба маблағи 4, 5 миллион доллар қарордоди тиҷоратӣ имзо кардаанд.
Нуриддин Азизӣ, вазири саноат ва тиҷорати гурӯҳи Толибон бо ҳайти бахши хусусии Ӯзбекистон дидор ва масоили дуҷонибаи тиҷорат ва саноатро баррасӣ кардааст.
Нуриддин Азизӣ ба ҷониби Ӯзбекистон пешниҳод кардааст, ки барои пуштибонӣ аз саноати истеҳсолии Афғонистон солона панҷ намоишгоҳи тиҷоратии ин кишвар дар Ӯзбекистон баргузор шавад.
Тибқи иттилоъ, ду ҷониб дар хусуси ташкили утоқи бозаргонӣ миёни ду кишвар гуфтугӯ кардаанд.
Ӯзбекистон пас аз ба қудрат расидан гурӯҳи террористии Толибон бо ин гурӯҳ робитаи сиёсӣ ва иқтисодӣ барқарор кардааст. Ҳамкориҳои Ӯзбекистон дар бахши саноат ва тиҷорат то ба имрӯз бо бахши давлатӣ маҳдуд мешуд. Ҳоло доманаи ҳамкориҳо вусъат ёфта, бахши хусусии Ӯзбекистон вориди муомила бо Толибон мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”