3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:10, Душанбе
03.02.2025 17:53

ИМА: “Вақти қатъи кумакҳои ҳафтавори ИМА ба Толибон фаро расидааст”

Тим Боуч, сенати амрикоӣ мегӯяд, ки вақти қатъ кардани ирсоли кумакҳои ҳавтавори 40 миллион долларӣ ба гурӯҳи террористии Толибон фаро расидааст.

Суханони ин сенатори амрикоӣ пас аз он матраҳ мешавад, ки Доналд Трамп, президенти ИМА чанде қабл гурӯҳҳои террористӣ ва ДОИШ-ро таҳдид кард.

“Ҳоло биёед қонуни 260 HR-ро тасвиб кунем ва аз ирсоли 40 миллион доллар ҳар ҳафта ба Толибон пешгирӣ намоем”- гуфтааст Тим Боуч, сенатори амрикоӣ.

Таҳдиди Доналд Трамп алайҳи ДОИШ дар ҳолест, ки чанд рӯз боз ИМА дар Сомалӣ бар зидди ин гурӯҳ амалиёти низомиро оғоз кардааст.

Тим Боуч аз ҷумлаи сенаторонест, ки борҳо Толибонро душмани мардуми Амрико хонда ва хостори қатъи кумакҳои ИМА ба ин гурӯҳ шудааст.

Аммо гурӯҳи террористии Толибон пайваста кумакҳои ИМА-ро рад мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.