Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Мақомоти амниятии Покистон бо мухолифони Толибон дидор мекунанд
Як ҳайати баландпояи Созмони иттилооти амнияти миллии Покистон, дар Истанбули Ҷумҳурии Туркия бо мақомоти пешини Афғонистон ва чеҳраҳои ҷиҳодӣ дидор мекунанд.
Сарчашмаи огоҳ ба иттилоъ афзудааст, ки ин дидорҳо бо ҳузури чеҳраҳои хосе чун Салоҳиддин Раббонӣ, Абдуррашид Дӯстум, Абдурраб Расул Сайёф, Муҳаммад Муҳаққиқ, Карим Халилӣ ва Ато Муҳаммади Нур баргузор хоҳад шуд.
Бар асоси иттилои бадастомада, ҳадафи дидорҳо афзоиши робитаҳои Покистон бо мухолифини сиёсии гурӯҳи террористии Толибон аст. Илова бар ин, дидорҳо дар Исломобод ва ҳамчунин, ҳамкориҳои муштарак бар зидди гурӯҳи Таҳрики толибони Покистон низ дар дастури кор қарор дорад.
Тибқи иттилои сарчашмаҳо ин дуюмин сафари ҳайати Созмони иттилооти амнияти миллии Покистон ба Туркия бо мақсади дидор бо мухолифони Толибон аст.
Коршиносон мегӯянд, ки талошҳои Созмони иттилооти амнияти миллии Покистон барои барқарор намудани робита бо роҳбарони ҳукумати собиқи Афғонистон ва мухолифони имрӯзи Толибон барои ёфтани роҳҳои муштарак баҳри ҳалли буҳрони минтақавӣ аст.
Покистон тайи ду соли ахир робитаҳои пурташин бо гурӯҳи террористии Толибон дорад. Дар чанд маврид муноқишаҳои низомиро бо ин гурӯҳ таҷриба кардааст. Покистон Толибонро ба ҳимоят аз гурӯҳи террористии Таҳрики толибони Покистон гумонбар медонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”