3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:09, Душанбе
29.01.2025 11:09

Сафири Эрон: Сафари Ироқчӣ маънои ба расмиятшиносии Толибонро надорад

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон Алиризо Бекдилӣ дар посух ба интиқодҳо дар робита ба сафари вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Афғонистон ва дидор бо гурӯҳи террористии Толибон гуфт, ки ин маънои ба расмият шинохтани гурӯҳи террористии Толибонро надорад.

Сафири Эрон Алиризо Бекдилӣ гуфт, ки ба расмият шинохтан як раванди ҳуқуқуқии байналмилалист, ки вижагиҳои хоси худро дорад.

Аббос Ироқчӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломиии Эрон чанд рӯз қабл ба Афғонистон сафар намуда, бо мақомоти олии ин гурӯҳ, аз ҷумла раиси вазирон, вазири корҳои хориҷӣ, вазири дифои Толибон дидор ва мулоқот анҷом дод.

Дар ин дидор Аббос Ироқчӣ оид ба мушкилоти об, тиҷорат ва баъзе аз масъалаҳои вобаста ба равобити Эрон ва гурӯҳи Толибон музокира анҷом дод. Аббос Ироқчӣ дар қалби ҳукумати Толибон гуфт, ки бояд амнияти ақвом, ба хусус форсизабонон ва шиаёни Афғонистон таъмин шавад.

Сафари Аббос Ироқчӣ аз сӯйи бархе сиёсатшиносон ва рӯзномаи расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди интиқод қарор гирифт. Рӯзномаи расмии “Ҷумҳурии Исломӣ” навишт, ки “Ҳомиён ва ташвиқгарони ин сафар ё шинохти комиле аз минтақа надоранд ва ё аз оқибатҳои ҳокимияти Толибон огоҳ нестанд ё ин ки лоби ва роҳсофкуни Толибон ҳастанд. Ё манофеи шахсӣ ва гурӯҳиро дунбол мекунанд ва дар маҷмуъ дил дар гарави Эрон ва манифиатҳои миллии Эрон надоранд”.

Сафари Аббос Ироқчӣ ба Афғонистон дар ВАО хабарсоз буд. Яке ба далели ин ки истибқол аз сӯйи Толибон бо вазири корҳои хориҷии Эрон бисёр сард сурат гирифт. Мақомоти Толибон дар нишасти хабарӣ дар канори вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ қарор надоштанд ва аз сӯйи дигар муовини иқтисодии раиси вазирони Толибон Мулло Бародар - яке аз роҳбарони калидии гурӯҳи Толибон аз дидор бо Аббос Ироқчӣ худдорӣ кард.

Як иқдоми Аббос Ирочӣ дар ин сафар хабарсоз шуд. Аббос Ироқчӣ шаҳри Кобул барои хӯроки нисфирӯзӣ ба ресторане рафт. Дар ин суфра бархе аз намояндагони Толибон ва коркунони сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳузур доштанд. Ин иқдоми Аббос Ироқчӣ шомхӯрии ӯро дар шаҳри Димишқ ёдоварӣ кард, ки баъди чанд рӯз ҳукумати Башор Асад фурӯ пошид. Баъзе дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, “ин ресторанравӣ ба хайр бошад, зеро сарфи шом дар ресторани Димишқ ёдовари фурӯпошии режим Башор Асад аст”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.