Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Воридоти гӯсфанду буз ва маҳсулоти гӯштӣ аз Афғонистон ба Чин манъ шуд
Кишвари Чин воридоти гӯсфанду буз ва маҳсулоти гӯштӣ аз Афғонистонро манъ кард.
Мақомоти Ҷумҳурии Халқии Чин дар пайи ҳушдорҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ воридоти гӯсфанду буз ва маҳсулоти ҳайвонӣ аз Афғонистон ва дигар кишварҳои осиёиву африқоиро манъ кардаанд.
Мақомоти чинӣ гуфтаанд, ки ба далели хурӯҷи бемориҳои кушандаи пӯстии ҳайвонот воридоти гӯсфанду буз ва гӯшти ҳайвониро аз кишварҳое ба мисли Афғонистон, Фаластин, Непал, Бангладеш, манъ карданд. Дар ин хусус ВАО-и Чин хабар медиҳанд.
Тибқи маҳдудияти тозаи ҷорикардаи Чин воридоти гӯшт аз кишварҳои бузурги истеҳсолкунандаи гӯшт, монанди Конго, Қатар, Сомалӣ, Нигерия, Миср, Булғористон ва ҳамчунин, воридоти гӯшти хук аз Олмон низ манъ шудааст.
Ин тасмим ба далели паҳншавии бемориҳои ҳайвонии таби барфакӣ ва обилаи гӯсфандӣ гирифта шудааст. Таби барфакӣ ва обилаи гӯсфандӣ яке аз хатарноктарин бемориҳои кушандаи ҳайвонӣ мебошанд. Ҳар ду беморӣ ба шакли умда дар кишварҳои осиёиву африқоӣ ва аврупоӣ мушоҳида мешаванд. Таъсири бемориҳои зикршуда ба ҳайвонот бисёр ҷиддӣ аст ва дар аксар маврид боиси марги онҳо мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”