Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
СММ аз Тоҷикистон хост муҳоҷирони афғонистониро депорт накунад
Созмони Милали Муттаҳид аз Ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки муҳоҷирони афғонистоние, ки дар Тоҷикистон ҳамчун паноҳанда қарор доранд, депорт накунад. Созмони Милал гуфтааст, ки депорти муҳоҷирон ба Афғонистон боиси озору азият ва шиканҷаи онҳо мешавад. Ин нуктаро 27-уми январ Намояндаи олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон гуфтааст.
Изҳороти намояндаи олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон дар ҳоле нашр мешавад, ки тибқи гузоришҳо дар моҳҳои гузашта чандто паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон депорт шудаанд.
Ҳазорон муҳоҷири афғонистонӣ аз солҳои 1990 ба ин сӯ дар Тоҷикистон зиндагиву кор мекунанд. Пас аз ин ки гурӯҳи террористии Толибон дубора ҳокимиятро дар Афғонистон ба даст гирифтанд, ҳазорон афғонистонӣ ба хотири наҷоти ҷон ва дур мондан аз боздошту озору азияти ин гурӯҳ ба кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Тоҷикистон муҳоҷират намуданд. Ҳоло раванди депорти муҳоҷирони афғонистонӣ на фақат дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳое чун Эрон, Туркия, Олмон ва ғайра суръат мегирад. Созмони Милали Муттаҳид ба Покистон низ ҳушдор дод, ки аз ихроҷ ё депорти паноҳҷӯёни афғонистонӣ худдорӣ кунад.
Президенти тозаинтихоби Амрико Доналд Трамп сиёсати сахтгароёнаеро бар алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ИМА барқарор кардааст. Ҳукумати ӯ вуруди паноҳҷӯёни афғонистониро низ боз дошт. Ин амри Доналд Трамп ҳазорон афғонистониҳоеро, ки замоне бо Амрико ҳамкорӣ доштанд, нигарон кардааст. Зеро дар сурати баргашт ба Афғонистон ба ҷурми ҳамкорӣ бо ИМА аз сӯйи гурӯҳи террористии Толибон мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор хоҳанд гирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад