3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:08, Душанбе
27.01.2025 10:48

Ҳушдори Амрико ба сарварони Толибон: “Барои саратон ҷоизаҳои бузургтар мегузорем”

Вазири корҳои хориҷии тозатаъйини Иёлоти Муттаҳиди Амрико ба гурӯҳи террористии Толибон ҳушдор дод, ки кишвараш эҳтимол дорад, ҷоизаи бузургтар аз он чӣ барои дастгирии Бен Лоден гузошта буд, барои онҳо таъйин кунад.

Рубио Марко, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шабакаи иҷтимоии “X” бо ишора ба гаравгонгирии шаҳрвандони амрикоӣ навишт, ки тоза хабар ёфтам, теъдоди бештаре аз гаравгонҳои амрикоиро Толибон дар ихтиёр доранд.

“Бояд фавран ҷоизаи бузургтаре барои сарварони аршади онҳо таъйин кунем. Шояд, ҳатто бузургтар аз ҷоизае, ки барои Бен Лоден таъйин шуда буд”- афзуд Вазири корҳои хориҷии ИМА.

Рубио Марко иттилооти бештареро дар робита ба гаравгонгирии амрикоиҳое, ки дар зиндонҳои Толибон ба сар мебаранд, ифшо накард.

Дар ҳафтаи гузашта мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои озодии ду гаравгони амрикоӣ аз зиндони Толибон иқдом карда буданд.

Гурӯҳи Толибон аз соли 2021 ба ин сӯй назорати ҳукумат дар Афғонистонро дар ихтиёр доранд ва  то ҳанӯз аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ба расмият шинохта нашудаанд.

Доналд Трамп мавқеи тундтар нисбат ба гурӯҳи террористии Толибон интихоб кардааст. Ӯ чанде қабл гуфт, ки кумакҳои молии Амрикоро барои Афғонистон қатъ мекунад. Ҳамчунин, аз гурӯҳи Толибон хост аслиҳаҳои Амрикоро, ки дар Афғонистон ҷо мондаанд, баргардонанд.

Гурӯҳи мансабдорони амниятии ҳукумати Доналд Трамп нисбат ба ҳузури террористон ва ба макони амни гурӯҳҳои террористӣ табдил шудани Афғонистон нигронанд. Дар муоҳидаи Доҳа, ки Толибон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар давраи президентии Доналд Трамп имзо карда буданд, уҳдадор шуданд, ки дигар Афғонистон ба пойгоҳи террористони хориҷӣ табдил нахоҳад шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.