3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:07, Душанбе
24.01.2025 10:24

Вазири Толиб ба сафири Русия: “Толибон мехоҳанд ба Русия коргар фиристанд”

Як вазири гурӯҳи террористии Толибон дар дидор бо сафир ва ҳайати русӣ пешниҳод кардааст, ки Федератсияи Русия аз Афғонистон коргар қабул кунад.

Абдуманнон Умарӣ, вазири кор ва умури иҷтимоии Толибон бо сафири Русия дар Кобул Димитрий Жирнов ва Николай Сожнов, мушовири иқтисодӣ ва тиҷоратии ҳукумати Русия масоили равобити дуҷонибаи Афғонистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин мулоқот Абдуманнон Умарӣ ба сафир ва намояндаи иқтисодии ҳукумати Русия пешниҳод карда, ки Русия аз Афғонистон коргар қабул кунад. Ӯ афзуда, ки як гурӯҳи техникӣ барои фиристодани коргарони афғон ба Русия ташкил шавад. Абдуманнон Умарӣ, ҳамчунон, хостори фароҳам шудани бозори муносиб барои маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар Русия шудааст.

“Толибон хоҳони равобити нек ва бо эҳтироми дуҷониба бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аст. Хушбахтона, ин сиёсат боиси таҳкими робитаҳои сиёсӣ ва барқарор шудани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо бархе кишварҳо шудааст”- гуфта Абдуманнон Умарӣ дар мулоқот бо ҳайати русӣ.

Дар ин дидор сафири Русия Дмитрий Жирнов аз пешрафти назаррас дар робитаҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвар ёдовар шуда ва таъкид кардааст, ки кишвараш ба рушди бештари робитаҳои иқтисодӣ бо Афғонистон ҳавасманд мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.