3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:07, Душанбе
23.01.2025 13:49

Ироқчӣ дар Афғонистон бо мақомоти олии Толибон мулоқот мекунад

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзҳои наздик ба Афғонистон сафар карда, бо мақомоти олии гурӯҳи террористии Толибон мулоқот хоҳад кард. Ин нахустин сафари кории вазири хориҷии Эрон пас аз бозгашти Толибон ба қудрат аст.

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул хабар дод, ки Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон бо ҳайате аз масъулони Эрон барои анҷоми музокирот ва гуфтугӯи сатҳи олӣ вориди Кобул хоҳад шуд. Дар иттилоъе, ки сафорати Эрон дар Кобул нашр кард, аз ҷузъиёти сафари Ироқчӣ чизе гуфта намешавад.

Вале хабаргузории “Мизон” –и Эрон хабар додааст, ки ин сафар якрӯза хоҳад буд ва Сайид Аббос Ироқчӣ бо мақомоти олии Толибон дар заминаи “мавзуъҳои муҳимми дуҷониба ва минтақавӣ гуфтугӯ хоҳад кард”.

Тибқи иттилоъ, дар ин сафар як қатор масъалаҳо, аз ҷумла масоили иқтисодиву тиҷоратӣ, мавзуъҳои нигаронӣ миёни ду ҷониб мавриди баҳс ва баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Сайид Аббос Ироқчиро дар ин сафар намояндагон аз вазоратҳои мухталифи Эрон ва ҳайатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Ҷумҳурии Исломии Эрон як қатор масоили баҳсбарангезе бо гурӯҳи террористии Толибон дорад. Муноқишаҳои марзӣ ва баҳси ҳақобаи Эрон аз рудхонаи Ҳирманди Афғонистон аз ҷумлаи мавзуҳои баҳсангези дуҷониб мебошанд. Ҳанӯз Эрон ва Толибон ба сари масъалаи ҳақобаи Эрон аз рудхонаи Ҳирманд ба созиш нарасидаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.