3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:08, Душанбе
22.01.2025 14:45

Сергей Лавров: “Амрикоиҳо дар фикри ҳузур дар Афғонистонанд”

Вазири хориҷии Федератсияи Русия дар Шурои амнияти ин кишвар бо ишора ба сиёсати қаблии президенти собиқи Амрико Ҷо Байден гуфт, ки амрикоиҳо дар фикри боз гардонидани таҷҳизоти низомии баҷомондаи худ ва эҷоди зерсохтҳои низомӣ дар Афғонистонанд.

Сергей Лавров, ки рӯзи душанбе дар Шурои амнияти Федератсияи Русия суханронӣ мекард, гуфт амрикоиҳо мехоҳанд, бо истифода аз ҳамсояҳои Афғонистон ба ин ҳадафи худ бирасанд. Вазири хориҷии Русия гуфт, ки ҳарфҳои ӯ ба сиёсати Ҷо Байден дахл дорад.

“Мо ҳамчунон Афғонистонро фаромӯш нахоҳем кард. Ҷое, ки амрикоиҳо низ талош доранд, то ҳадде ҳузури худро дубора барқарор кунанд. Ва аз кишварҳои ҳамсоя барои ин ҳадаф истифода мекунанд”- гуфт Сергей Лавров.

Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия бо таваҷҷуҳ ба ин ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико талош дорад, равобити худ бо Афғонистонро дар сатҳе нигоҳ дорад, афзуд: “ Амрикоиҳо бо истифода аз кишварҳои ҳамсоя талош мекунанд, то ҳадде ҳузури худро бозгардонанд ва ба фикри эҷоди таъсисоти низомӣ дар Афғонистон ҳастанд”.

Дар нишасти Шурои амнияти Федератсияи Русия Сергей Лавров ба вазъият ва фоҷеаи Ховари Миёна низ ишора кард ва афзуд: “Ба ғайр аз худи минтақаи Ғаза, мушкили Фаластин ба ҳеч ваҷҳ фаромӯш намешавад. Мо ба ёд дорем, ки чӣ гуна Доналд Трамп дар аввалин омадани худ аз калимаҳое ёд кард, ки асосан бо лоиҳаи сулҳи арабӣ тафовут дошт ва шомили одисозии робитаҳои миёни Исроил ва Аъроб аст”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.