Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Халилзод боз дар ҳукумати Трамп умури Афғнистонро ба даст мегирад
Бозгашти Доналд Трамп ба Кохи сафед гумонзаниҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки эҳтимолан Зулмай Халилзод ба ҳайси намояндаи хоси президенти Амрико дар умури Афғонистон дубора ба кор шуруъ кунад.
Бархе коршиносон бар ин боваранд, ки эҳтимолан Зулмай Халилзод ба корҳои ҳукуматдорӣ ва машғул шудан ба умури Афғонистонро тақвият мекунад.
Хабаргузории “Тансним”-и Эрон, ки бештар масоили сиёсӣ ва низомиро пушиш медиҳад, ба нақл аз коршиносон чандин далелро бар шумурдааст, ки эҳтмоли бозгашти Зулмай Халилзод ба ҳукуматро нишон медиҳад.
“Далели аввал ин аст, ки пас аз истеъфои Том Вест аз мансаби Намояндаи хоси Амрико дар умури Афғонистон курсӣ ҳамчунон холӣ аст ва ҳеч ҷойнишине муаррифӣ нашудааст. Ин холигоҳ боис шудааст коршиносон ҳадс бизананд, Халилзод ба унвони фарде, ки таҷрибаи густурда дар Афғонистонро дорад, дубора ба ин самт мансуб гардад.
Далели дувум расвоии бузурге аст, ки дар замони хуруҷи неруҳои низомии Амрико дар Афғонистон рух дод. Ин хуруҷ боиси тасаллути комили Толибон ва фурӯпошии ҳукумати вақт боис гардид.
Бисёре аз коршиносон бар ин боваранд, танҳо фарде, ки метавонад то ҳадде ин расвоиро ҷамъу ҷур кунад, Зулмай Халилзод аст” – манависад хабаргузории “Тасним”.
Доналд Трамп дар замони маъракаи интихоботӣ ҳушдорҳои ҷиддӣ дар робита ба ҳузури гурӯҳи террористии Толибон дар қудрат ва вазъияти Афғонистон ироа карда буд. Вай дар изҳороти тозаи худ афзуд, ки бояд таҷҳизоти низомии Амрико, ки дар Афғонистон мондааст, баргардонида шавад.
Эҳтимоли намояндаи хоси Амрико дар умури Афғонистон таъин шудани Зулмай Халилзод дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров имрӯз гуфт, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фикри таъсис додани зерсохтҳои низомӣ дар хоки Афғонистон аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”