Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сенатор: “Трамп миллионҳо муҳоҷири ғайриқонуниро бояд депорт кунад”
Линдси Грэм, сенатори Амрико гуфт, ки президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бояд миллионҳо муҳоҷири ғайриқонуниро, ки ба амнияти кишвар таҳдид мекунанд, дипорт кунад.
“Мо миллионҳо муҳоҷири ғайриқонунӣ дорем, ки Трамп ваъда додааст ва бояд депорт кунад. Ҳар рӯзи таъхир барои Амрико таҳдид аст” – таъкид кард Линдси Грэм.
Линдси Грэм таъкид кард, ӯ ҳеч гоҳ ин қадар таҳдидҳоро, ки айни ҳол вуҷуд дорад Иёлоти Муттаҳидаи Амрико надида буд. Сенатор афзуд, ки таҳдидҳои амниятӣ бо хуруҷи неруҳи амрикоӣ аз Афғонистон афзоиш ёфта, ҳоло ДИИШ ба қаламрави ин кишвар ворид мешавад.
“Ман хеле нигаронам. Агар мо сарҳадро дар ҷойи аввал нагузорем, ин як даҳшати амнияти миллӣ хоҳад буд”- афзуд сенатор.
Рӯзи якшанбе вазири амнияти дохилии ИМА Алехандро Майоркас қайд кард, ки ИМА бо афзоиши назарраси “ифротгароии хушунатомези ватанӣ” ва таҳдидҳои доимии терроризми дохилӣ рӯ ба рӯ аст.
Ҳодисаи террористие рӯзи 1-уми январ тахминан соати 03:15 дақиқа дар Орлеани нав рӯй дод. Як мошини боркаш дар кӯчаи Бурбон дар маркази таърихии шаҳр ба тарафи издиҳоми одамон бархӯрд кард. Дар натиҷа 15 нафар кушта ва 35 кас захмӣ шуданд.
Мақомоти амниятии Амрико хабар дод, ки гумонбари ҳодисаи ҳамлаи террористӣ дар Ню Орлеан шаҳрванди 42 солаи ИМА аз Техас - Шамсиддин Ҷаббор аст. Дар мошине, ки ӯ бо он ҳамларо анҷом додааст, рамзҳои гурӯҳи террористии ДИИШ ёфт шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад