3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:10, Душанбе
15.01.2025 11:09

Журналисти афғонистонӣ: “Толибон дандонҳоямро канданд, сӯзандору заданд ва шиканҷа карданд”

Як хабарнигори афғонистонӣ, ки шаҳрвандии Фаронсаро дорад, пас аз озодӣ аз зиндони Толибон аз шеваи боздошт ва шиканҷааш нақл кардааст.

Муртазо Беҳбудӣ, рӯзноманигори афғонистонӣ-фаронсавӣ дар суҳбат бо “Телевизиони 2”-и Фаронса таъкид кардааст, ки дар зиндонҳои Толибон навъҳои мухталифи шиканҷа вуҷуд дорад ва бархе маҳбусон ба шиканҷа тоб наоварда худкӯшӣ мекунанд.

Муртазо Беҳбудӣ, ки барои омода намудани гузориш оид ба вазъияти Афғонистон вориди ин кишвар шуда буд, аз сӯйи ниҳоди амниятии Толибон боздошт шуд. Ӯ мегӯяд, маъмурони Толибон ҳангоме, ки дар рӯ ба рӯи Донишгоҳи Толибон гузориш таҳия мекард, ӯро боздошт намуда, ба зиндон бурданд.

“Дастҳо ва пойҳоямро банд заданд ва суратамро пӯшониданд. Сипас, маро ба зеризамини як сохтмон бурданд ва ҳафт рӯз паёпай ба муддати ним соат шалоқ заданд” - таъкид кардааст Муртазо Беҳбудӣ.

Муртазо Беҳбудӣ мегӯяд, ки дар зиндон Толибон дандонҳояшро кандаанд, бо электрошокер задаанд ва барои озору азият ба ҷисмаш сӯзандору газаронидаанд. Вай таъкид кардааст, ки дар се моҳи аввали зиндон ҳар рӯз шиканҷа шудааст. Рӯзноманигори афғонистонӣ-фаронсавӣ афзудааст, ки дар ҳафт моҳи зиндон осмонро надида ва дар фазои баста зиндонӣ будааст.

“Дар се моҳи аввал ҳар рӯз шиканҷа шудам. Дандонҳоямро канданд, бо электрошокер заданд ва сӯзандоруи иҷборӣ карданд. Ман аслан тасаввур намекардам, ки зинда бимонам”- гуфтааст Муртазо Беҳбудӣ.

Муртазо Беҳбудӣ бо мусоидати Фаронса аз зиндони Толибон озод шуд ва ҳоло дар Фаронса зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ки шиканҷа ва озору азияти Толибон ӯро раҳо накардааст. Зикр мекунад, ки ҳар ҳафта бо равоншинос мулоқот мекунад. Осори шиканҷаи Толибон мисли хоб ӯро озор медиҳад.

Фаъолони ҳуқуқи башари Афғонистон мегӯянд, ки Толибон дар зиндонҳои худ аз 11 навъи шиканҷаи сахт кор мегиранд, ки ғайриинсонӣ ва хилофи қонунҳои байналмилалӣ аст. Онҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳанд, ки Толибонро водор кунанд, даст аз шиканҷа дар зиндонҳо бар доранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.