3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:07, Душанбе
14.01.2025 15:05

Туркманистон аз Афғонистон 150 ҳазор тонна арматур мехарад

Вазорати санъат ва тиҷорати ҳукумати сарпарасти гурӯҳи террористии Толибон эълон кардааст, ки дар соли 2025 Туркманистон аз Афғонистон 150 ҳазор тонна арматур мехарад.

Охунзода Абдулсалом, сухангӯйи Вазорати саноат ва тиҷорати Афғонистон дар суҳбат бо ВАО гуфтааст, ки Афғонистон дар самти тавлиди арматур ба худкифоӣ расидааст.

“Се то чаҳор ҳазор нафар дар ин фабрикаҳо ба таври мустақим масруфи кор ҳастанд. Афғонистон бо кишварҳои минтақа дар ҳоли доду ситад аст ва дар соли гузашта қарордоди содироти 60 ҳазор тона арматур ба Покистон ва дар соли 2025 150 ҳазор тонна содирот ба Туркманистон дорем”- гуфтааст, Вазорати саноат ва тиҷорати Афғонистон.

Муовини фабрикаи истеҳсоли оҳани Афғонистон Сайидасғар Асғарӣ гуфтааст, ки дар як басти корӣ бо камбуди барқ рӯ ба рӯ ҳастанд.

“Ниёз дорем, ки ба сӯйи ихроҷи маъдан биравем, чун Афғонистон маъдани фаровони оҳан дорад ва ниёз аст, ки ҳукумат яке аз маъданҳоро ба шакли хусусӣ дар ихтиёри саноати оҳани Афғонистон гузорад”- гуфтааст Абдулнасир Раштиё, раиси Иттиҳодияи оҳани Афғонистон.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.