Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Байден мегӯяд Чин ва Русия мехостанд Амрико дар Афғонистон замингир шавад
Ҷо Байден, президенти Амрико зимни натиҷагирӣ аз сиёсати хориҷаи Амрико дар 4 соли гузашта, дар Вазорати корҳои хориҷии Амрико суханронӣ кард ва афзуд, ки иқдоми хуруҷи неруҳои низомии Амрико аз Афғонистон кори дуруст буд.
Ӯ таъкид намуд, ки бо хуруҷи неруҳои низомии Амрико аз Афғонистон фурсат ба даст омад, ки ба мушкилоти асоситар таваҷҷуҳ шавад.
Ҷо Байден аз иқдоми хуруҷи неруҳо аз Афғонистон ҳимоят карда, афзуд, ки қудратҳои рақиб, Чин ва Русия аз замингир шудани Амрико дар Афғонистон хушнуд буданд.
“Ҳеч чизе душманон ва рақибони мо, монанди Русия ва Чинро бештар аз ин хушҳол намекард, ки барои як даҳаи дигар дар Афғонистон даргир бимонем”- таъкид кард президенти Амрико.
Ӯ дар ин хусус афзуд, ки ӯ аз аввалин президентон дар ду даҳаи гузашта аст, ки ҷанги Афғонистонро ба ҷойнишини худ мерос намонд.
Байден афзуд, ки бо кушта шудани Усома Бин Лодан, роҳбари гурӯҳи террористии “Алқоида” дигар ниёз набуд, ки Амрико дар Афғонистон боқӣ бимонад.
“Таҳдиди аслии “Алқоида” дигар аз Афғонистон вобаста нахоҳад буд, балки аз ҷойҳои дигар хоҳад буд. Ҳеч далеле барои ҳузури густурдаи низомии мо дар Афғонистон вуҷуд надошт”- афзуд ӯ.
Президенти Амрико бо радди иддаои мухолифонаш дар мавриди он, ки хуруҷи Амрико ва поёни ҷанг дар Афғонистон ба иттиҳоди ин кишвар бо дигар кишварҳо осеб мезанад, афзуд, чунин чизе рух надод.
Ҳимояти Ҷо Байден аз сиёсати хуруҷаш аз Афғонистон дар ҳолест, ки президенти тозаинтихоби Амрико Доналд Трамп чунин сиёсатро интиқод намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад