Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Русия дар баҳори соли 2025 бо гурӯҳи террористии Толибон гурӯҳи корӣ ташкил медиҳад
Дар назар аст, ки Русия дар баҳори соли оянда як гурӯҳи корӣ бо гурӯҳи террористии Толибон ташкил диҳад. Дар ин хусус, намояндаи Русия дар Афғонистон Замир Кобулов иттилоъ дод.
Замир Кобулов, намояндаи президенти Русия дар умури Афғонистон гуфт, ки дар баҳори соли 2025 як гурӯҳи кории дуҷониба барои робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо ҳукумати сарпарасти гурӯҳи террористии Толибон ташкил хоҳад шуд.
Дар ин замина ӯ афзуд, ин гурӯҳи корӣ дар шароите, ки Толибон ба расмият шинохта нашудааст, ба шакле масъулияти Комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратиро иҷро хоҳад кард.
Хабари ташкили гурӯҳи корӣ миёни Толибон ва Русия дар ҳолест, ки чанде қабл Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки бар асоси он мамнуъияти фаъолияти Толибон дар қаламрави Русия бардошта мешавад. Ин иқдоми Русияро, коршиносон қадами ҷиддӣ барои эҷоди равобити сиёсиву тиҷоратӣ бо гурӯҳи Толибон шумурданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”