Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сенатори амрикоӣ мегӯяд ДОИШ дар Афғонистон эҳё шудааст
Сенатори амрикоӣ аз эҳё шудани гурӯҳи террористии ДОИШ дар хоки Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, аз давлати Доналд Трамп хостааст, ки таҳдидҳои ДОИШ-и хуросониро ҷиддӣ бигирад.
Майкл Микол, раиси пешини Кумитаи робитаҳои хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрико дар суҳбат бо телевизиони Эн-Би-Сӣ гуфт, ки шохаи хуросонии ДОИШ дар Афғонистон эҳё шудааст ва ин таҳдиди ҷиддӣ барои ҳукумати ояндаи Амрико хоҳад буд. Майкл Микол афзуда, аз суқути ҳукумати Афғонистон дар гузашта нигарон буд, ки он боиси ба вуҷуд омадани фоҷеа гашт.
“Мо шоҳиди эҳёи шохаи хуросонии ДОИШ дар Афғонистон ва Покистон ҳастем. Ин мавзуъ, воқеан, маро нигарон мекунад” – таъкид кард Майкл Микол.
Сенатори амрикоӣ зикр кард, ки ахиран 8 нафар узви хуросонии ДОИШ вориди хоки Афғонистон шуданд ва бояд ҳукумати Доналд Трамп инро ҷиддӣ бигирад. Вай пешниҳод кард, ки ҳукумати Доналд Трамп бо таҳдидҳои созмонёфта ва фаъолиятҳои расонаӣ ва интернетии гурӯҳҳои террористӣ, бахусус ДОИШ бояд мубориза кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”