Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Толибон ҳузури Покистон дар Вахони Бадахшонро рад кард
Мақомоти гурӯҳи террористии Толибон хабари ҳузури низомиёни покистонӣ дар Вахони Бадахшони Афғонистонро рад карда, онро шоеъа хонданд.
Сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии гурӯҳи террористии Толибон таъкид кард, ки хабарҳои нашршуда дар робита ба ҳузури низомии Покистон дар Вахони Бадахшон асос надорад: “Кулли марзҳои Афғонистон таҳти назорати неруҳои амниятӣ қарор дорад.”
Абдулматин Қонеъ, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии гурӯҳи террористии Толибон афзуд, ки “Кулли марзҳои Афғонистон таҳти назорати комили неруҳои амниятист ва овозаҳо дар бораи Вахон воқеият надорад.”
Чанде қабл ВАО-и афғонистонӣ гузориш нашр намуданд, ки неруҳои низомии покистонӣ назорати Вахони Бадахшони Афғонистонро ба даст гирифтанд. Нашри ин хабар вокуниши мухталиферо барангехт.
Толибон дар ҳоле хабари ҳузури низомиёни покистониро рад мекунанд, ки ВАО бо истинод ба сарчашмаҳои худ ҳузури низомиёни покистониро таъкид менамоянд.
Қобили зикр аст, ки Вахон минтақаи “ҳоил” миёни марзи Афғонистон бо Тоҷикистон аст. Он минтақаест, ки Покистонро аз Осиёи Миёна ҷудо мекунад. Покистон барои дастрасии мустақим ба Осиёи Миёна ба минтақаи Вахони Бадахшон ниёз дорад. Агар Покистон назорати онро дар ихтиёр бигирад, дастарсии мустақим ба Осиёи Миёна хоҳад дошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”