3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:08, Душанбе
03.12.2024 13:01

Тағйироти иқлим 181 километр пиряхҳои Афғонистонро аз байн бурдааст

Идораи миллии ҳифзи муҳити зисти Афғонистон мегӯяд, ки бо сабаби тағйироти иқлим 181 километр пиряхҳои Афғонистон аз байн рафтааст.

Мутеъулҳақ Халас, сарпараст аз ҳайати гурӯҳи террористии Толибони Идораи миллии ҳифзи муҳити зисти Афғонистон дар нишасти матбуотӣ ин нуктаро таъкид карда, чунин афзудааст: “Насли 149 навъ ҳайвонот ва наботот дар хатари нобудӣ қарор дорад ва ду миллиону 500 ҳазор нафар ба сабаби хушксолӣ овора шудаанд”.

Ӯ зимни баргузор кардани нишасти хабарӣ дар Кобул гуфта, ки иштироки ҳукумати сапарасти Афғонистон дар Конфронси тағйири иқлим (СОР 29) боис гардид, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба масъалаи тағйироти иқлим дар ин кишвар ҷалб шавад.

Сапарасти Идораи миллии ҳифзи муҳити зисти Афғонистон, ҳайати гурӯҳи террористии Толибон ҳамкорӣ ва мубориза бо тағйири иқлим ва ҳузури фаъоли Афғонистон дар нишастҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро хостор шудааст.

“Бар асари тағйироти иқлим дар Афғонистон беш аз 2 миллиону 500 ҳазор нафар бехонумон шудаанд ва беш аз 13 миллион доллар инфрасохтор вайрон шудааст” –таъкид карда сарпарасти Идораи миллии ҳифзи муҳити зисти гурӯҳи террористии Толибон.

Ӯ илова карда, ки дар нишаст барои кишварҳои осебпазир аз тағйироти иқлим то соли 2035  маблағи 300 миллиард доллар дар назар гирифта шудааст ва Афғонистон барои мубориза бо тағйироти иқлим ба 20 миллиарду 300 миллион доллар ниёз дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.