Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Духтарони Афғонистон дигар наметавонанд, ки дар муассисаҳои тиббӣ дарс хонанд
Гурӯҳи террористии Толибон дар як фармон таҳсили духтарон дар муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла донишгоҳу донишкадаҳоро манъ кардааст.
Мулло Ҳайбатуллоҳ, роҳбари гурӯҳи Толибон фармон додааст, ки таҳсили духтарон дар ҳамаи бахшҳои соҳаи тиббӣ мамнуъ аст. Муассисаҳои тиббӣ ягона маконе буд, ки то ҳол духтарони афғонистонӣ метавонистанд дар он ҷо таҳсил кунанд.
Тибқи иттилои ВАО, вазири тандурустии Толибон, рӯзи душанбе – 2-уми декабр ҳамаи раисони муассисаҳои тиббии Афғонистонро даъват намуда, фармони Мулло Ҳайбатуллоҳро хондааст. Ӯ ба раисони донишгоҳ, бидуни шунидани садояшон дастур додааст, ки аз ин рӯз ба баъд дари тамоми муассисаҳои тиббиро ба рӯйи духтарон бибанданд: “Вазир бидуни ин ки бигӯяд, ҷаласа дар чӣ замина аст, онҳоро ба вазорат фаро хондааст ва ҳатто иҷозаи савол дар бораи фармони тозаи Мулло Ҳайбатуллоҳро низ надодааст” – менависанд ВАО-и Афғонистон.
Пас аз ин ки Толибон қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд, таҳсили духтарон дар мактаб ва донишгоҳҳо манъ карда шуд. Муассисаҳои тиббӣ ягона ҷое буд, ки гурӯҳи террористии Толибон таҳсили духтарон дар он ҷоро иҷоза дода буданд. Духтарон дар муассисаҳои тиббӣ дар бахшҳои мухталиф таҳсил мекарданд. Бо баста шудани муассисаҳои тиббӣ ба рӯи духтарон Афғонистон ба камбуди табибон рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Созмонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид иқдоми манъи таҳсили духтарон дар муассисаҳои тиббиро маҳкум намуда, аз Толибон хост, дар ин мавзуъ таҷдиди назар кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”