Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Чин: “Дар ҳоли гуфтугӯ барои ба расмият шинохтани Толибон ҳастем”
Намояндаи хоси президенти Ҷумҳурии мардумии Чин дар Афғонистон Юэ Сяоюн дар гуфтугӯ бо телевизиони “Тулуъ” қайд кард, ки дар ҳоли гуфтугӯ бо ҷаҳон ва кишварҳои минтақа барои ба расмият шинохтани Толибон аст.
“Гуфтугӯҳо на танҳо бо Афғонистон, балки бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа анҷом мешавад. Ҳамфикрие дар ҳоли шаклгирӣ аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бо ҳукумати муваққати Кобул ҳамкорӣ кунад” – таъкид намуд намояндаи хоси Президенти Чин.
Ин мақомдори баландпояи чинӣ илова кард, ки ин ҳамфикрӣ бо талоши муштараки Чин, кишварҳои минтақа ва ҳукумати сарпарасти Афғонистон ба вуҷуд омадааст.
Масъалаи ба расмият шинохтани гурӯҳи террористии Толибон аз забони намояндаи хоси президенти Ҷумҳурии мардумии Чин дар ҳоле матраҳ мешавад, ки то ҳанӯз гурӯҳи зикршуда аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта нашудааст.
Намояндаи хоси Чин қаблан дар суҳбат бо Маркази гуфтугӯҳои байналмилалии Чин таъкид намуда буд, ки аз замони ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон вазъияти иҷтисоӣ ва иқтисодии кишвари зикршуда рӯ ба беҳбудӣ оварда, вале мавзуъҳое чун мубориза бо маводи мухаддир, ҳуқуқи занон мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад.
“Чин ҳамеш ба ҳалли масъалаҳои Афғонистон аз тариқи ҳамкориҳои минтақавӣ ва чандҷониба таъкид дошта ва ба таври доимӣ дар талош аст, то ба бозсозии ин кишвар кумак кунад” – афзуд намояндаи хоси президенти Чин.
Ӯ, ҳамчунин, таъкид намудааст, ки Афғонистон беш аз ҳар вақти дигар ба кумакҳои башардӯстона ва бозсозӣ ниёз дорад ва дар ин самт кишвари Чин талош хоҳад кард.
Масъалаи ба расмият шинохтани Толибон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ин кишвар баъди ба даст овардани қудрат ҳанӯз аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ ба расмият шинохта нашудааст. Бархе кишварҳои минтақа ва ҷаҳон сафир ва намояндагиҳои дипломатии ин кишварро ба гурӯҳи террористии Толибон вогузор карданд, аз ҷумла Чин.
Сергей Шойгу, дабири Шурои амнияти Федератсияи Русия чанде қабл вориди Кобул шуд ва таъкид намуд, ки кишвараш ҳар заминаро барои ба расмият шинохтани Толибон фароҳам мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”