Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Муҳсин Махмалбоф: “Ҳунармандони Афғонистон бо Толибони ифротӣ мубориза мекунанд”
Коргардони саршиноси эронӣ Муҳсин Махмалбоф, ки дар Тоҷикистону Афғонистон низ шинохта аст, зимни суханронӣ дар парлумони Британияи Кабир таъкид намуд, ки ҳунармандони Афғонистон аз тариқи телевизионҳо ва шабакаҳои дигар бо барномаҳои Толибон барои ифротӣ намудани ҷомеа мубориза мебаранд.
Ҳунарманди эронӣ рӯзи ҷумъа дар Кумитаи ҳунар, ВАО ва варзиши парлумони Британияи Кабир, ҳамчунин, чунин ишора намуд: “Афғонистон 97 шабакаи телевизионӣ дошт, ки бештар аз ин ҷо (Лондон) мебошад. Он ду даҳаи авҷи озодии баён буд. Авҷи демократия буд. Алорағми хушунатҳо, озодии баён бештар аз кулли Ховари Миёна буд”.
Муҳсин Махмалбоф бо зикри вазъияти бади ҳунармандон дар Афғонистон аз ҳукумати Британияи Кабир хост, ки барои баровардани онҳо кумак кунад: “Мегӯем, ки наҷоти ин ҳунармандон наҷоти Афғонистон нест, наҷоти самараи он ду даҳа демократия аст. Наҷоти мероси фарҳангии Афғонистон аст. Вақте онҳо ин ҷо биоянд, садои мардуми бесадои Афғонистон мешаванд”.
Муҳсин Махмалбоф дар охири суханронии худ чунин афзудааст: “Тасаввур кунед, имрӯз кӯдакони Афғонистон таҳти системаи омӯзишии хоси Толибон қарор доранд. Дар наслҳои баъдӣ террористҳои зиёде хоҳем дошт. Толибон терроризмро тавлид мекунанд.”
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”