3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:07, Душанбе
27.11.2024 12:47

Боҷгирии Толибон қирғизҳои Бадахшонро маҷбур ба тарки кишвар кардааст

Як гурӯҳи намояндагони қирғизҳо дар Бадахшони Афғонистон гуфтаанд, ки набудани имконоти зиндагӣ ва боҷгириву озору азияти Толибон онҳоро маҷбур хоҳад кард, ки ба шакли гурӯҳӣ хоки Афғонистонро тарк кунанд. Онҳо гуфтаанд, ки боҷгирии Толибон зери номи “ушр” ва “закот” онҳоро ба мушкили зиндагӣ дучор кардааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин минтақа аз 20 зане, ки таваллуд мекунанд, ба сабаби набудани имконот 9 нафарашон мемиранд. Онҳо гуфтаанд, ки маҳалли маскуние, ки тавассути ҳукумати қаблӣ барояшон сохта шуда буд, аз сӯйи гурӯҳи Толибон мусодира шудааст.

Қирғизҳои сокини Вахони Бадахшон афзудаанд, ки дар тӯйи се соли ахир дар маҳрумият ба сар мебаранд. Онҳо аз вуҷуд надоштани имконоти тандурустӣ ва мушкилоти иқтисодӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.

Мулло Одина, намояндаи қирғизҳо, ки барои ҳалли мушкили қирғизҳои Бадахшон ба маркази вилоят омадааст, дар суҳбат бо ВАО чунин мегӯяд: “Мо мардуми қирғиз дар Помир бо мушкилоти зиёд дучор ҳастем. Аз ҷумла набудани табиб, марказҳои саломатӣ ва муҳимтар аз он душвор будани роҳҳои рафтуомад дар зимистон. Ба сабаби хароб будани роҳҳо ҳеч воситаи нақлиёте пайдо намекунем ва ин боис шудааст, ки маргу мири беморони мо зиёд шавад”.

Ӯ хитоб ба гурӯҳи Толибон мегӯяд, ки агар мушкилоташон ҳал нашавад, онҳо аз рӯйи ночорӣ Афғонистонро тарк карда, ба кишварҳои минтақа, бахусус Қирғизистон ҳиҷрат хоҳанд кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.