3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:08, Душанбе
25.11.2024 13:58

Журналисти рус барои “таблиғи фаъолияти Толибон” боздошт шудааст

Мақомоти амниятии Федератсия Русия журналист Надежда Кеворковаро барои “таблиғи фаъолияти Толибон” дар ин кишвар боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, ки журналисти номбурда моҳи майи соли 2024 боздошт шуда ва суд муҳлати боздошти ӯро дар ин ҳафта тамдид кардааст. Дар ин хусус расонаҳои Русия хабар доданд.

ВАО-и давлатии Федератсияи Русия хабар дод, ки боздошти ин журналист пас аз он сурат гирифт, ки ӯ дар соли 2021 дар саҳифаи телеграмаш “фаъолияти Толибонро тавҷеҳ” кард. Иттиҳоми дигаре, ки нисбат ба ин журналист матраҳ шудааст, гузориши ӯ дар робита ба қатли журналист Орхан Камол мебошад.

Тибқи иттилои “РИА Новости” журналист Надежда Кеворкова то панҷуми январи соли 2024 дар боздоштгоҳ боқӣ мемонад ва то замони поёни муҳлати боздошташ таҳқиқоти ҷиноӣ анҷом хоҳад шуд.

Ин журналисти рус бо як қатор рӯзномаҳои машҳури Русия, аз ҷумла “Новая газета” ва “Независимия газета” ҳамкорӣ доштааст. Вай ба ҳайси хабарнигор дар Ироқ, Сурия, Эрон, Лубнон ва Ғаза фаъолият кардааст. Худи журналист иттиҳомҳои воридшударо барояш рад кардааст.

Қобили зикр аст, ки гурӯҳи террористии Толибон дар Федаратсияи Русия дар қатори гурӯҳҳои террористӣ дохил карда шудааст ва аз ин рӯ, ҳаргуна ҳимоят ва таблиғи он ҷурм маҳсуб мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.