3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:08, Душанбе
25.11.2024 09:36

Русия: “Ҳанӯз дар бораи ба расмият шинохтани Толибон зуд аст”

Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия гуфтааст, ки тасмимгирии дубора оиди ба расмият шинохтани ҳукумати террористии Толибон дар Афғонистон зуд аст ва бояд дар ин замина ба тадриҷ ва гом ба гом амал кард.

Андрей Руденко, муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки Русия дар раванди хориҷ намудани номи Толибон аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ монеа эҷод намекунад, аммо дар мавзуи ба расмият шинохтани гурӯҳи зикршуда ҳанӯз зуд аст, ки суҳбат шавад: “Комил намудани равандҳои қонунӣ барои тағйири вазъияти Толибон ва хуруҷ аз феҳристи созмонҳои террористӣ ба робитаҳои Русия ва  Афғонистон дар ҳавзаҳои мухталиф, бахусус иқтисодӣ, натиҷаи мусбате хоҳад дод” – таъкид кардааст Андрей Рудинко.

Ӯ бо зикри ин ки Русия барои барқарор намудани робита бо мақомоти феълии Афғонистон қадамҳои устувор хоҳад гузошт афзуда, ки Маскав бо гурӯҳи зикршуда “мавзуъҳои мавриди алоқаи дуҷониба “ дорад.

Бояд зикр намуд, ки Русия бори нахуст соли 2003 гурӯҳи Толибонро барои ҳамкорӣ бо ҷудоиталабони чечену доғистонӣ ба феҳристи гурӯҳҳои террористӣ дохил кард. Пас аз ба қудрат расидани гурӯҳи Толибон равобити дипломатиро эҳё намуд. Вале мақомоти блоки низомии ин кишвар ҳамеша бо чашми нигаронӣ ба Афғонистон менигаранд ва ин кишварро манбаи таҳдидҳои амниятӣ маънидод мекунанд. Дар тозатарин иқдомҳо дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод кард, ки дар атрофи марзи Афғонистон бо Осиёи Миёна “камарбанди амниятӣ “ сохта шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.